Иброҳим Кобулиев (10 июли 1926, ноҳияи Тоҷикобод — 19 ноябри 2000, Тоҷикистон) — сарояндаи шинохтаи тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960). Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1961). Дорандаи ордени Байрақи Сурхи Меҳнат.

Иброҳим Кобулӣ
Иброҳим Кобулиев
Таърихи таваллуд 10 июл 1926(1926-07-10)
Зодгоҳ ноҳияи Тоҷикобод ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 19 ноябр 2000(2000-11-19) (74 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Тоҷикобод
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1961).

Зиндагинома

вироиш

Иброҳим Кобулӣ соли 1926 дар деҳаи Кичикизии ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Зиёда аз 40 сол муаллим буд. Дар мусобиқаҳои ҳунарии ноҳия ва ҷумҳуриявии истеъдодҳои халқ мунтазам иштирок мекард. Мавзӯи сурудҳои К. ватан, меҳнат, табиати дилрабо, ишқу ҷавонӣ ва ғ. Аз мусиқии анъанавии халқӣ моҳирона истифода бурда, ба бисёр сурудҳо оҳанг бастааст, ки «Марҳабо» (ш. М. Ҳакимова), «Тоҷикистон» (А. Шарифӣ), «Баҳр» (Б. Раҳимзода), «Ба пахтакори номдор» (Б. Расо), «Вохӯрем», «Эй ҷӯраи дуторӣ» (шеърҳои халқӣ) ва ғ.[1]

Ҷоизаҳо

вироиш

Соли 1960 ӯро сазовори унвони «Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон» ва соли 1961 «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гаштааст. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, чандин маротиба ба ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. Соли 1999 бо амри Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ордери «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст.

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.182. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)