Иброҳим Обидов
Иброҳим Обидович Обидов (20 июни 1923, деҳаи Пулодони ноҳияи Конибодом — 2015) — педагоги маъруфи тоҷик, академики Академияи илмҳои педагогии ИҶШС (1968), доктори илмҳои педагогӣ (1974), профессор (1977), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Иброҳим Обидович Обидов | |
Таърихи таваллуд | 20 июн 1923 |
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2015 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод |
Ҷоизаҳо | ордени «Ситораи Сурх», ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСоли 1941 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом, 1951 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро хатм намудааст. Соли 1939 дар курсҳои маҳви бесаводӣ муаллимӣ кардааст. Солҳои 1946—1954 муаллим, инспектор, мудири кабинети педагогии шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Конибодом, 1954—1957 аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1957—1960 ходими калони илмии Институти таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1960—1961 ҷонишини директор, 1961—1969 директори Институти илмҳои педагогии ҶШС Тоҷикистон, 1969—1975 дотсенти Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1975—1978 мудири кафедраи педагогика ва психологияи Институти марказии такмили ихтисоси муаллимони ҶШС Тоҷикистон буд. Солҳои 1978—1980 ҳамчун декани факултети такмили ихтисоси директорони мактабҳои миёна дар назди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1980—2008 мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 300 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Таълифотҳояш масъалаҳои таърихи инкишофи маорифи халқи Тоҷикистон, илми педагогика, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбию техникиро дар бар мегиранд. Оид ба инкишофи маданияти тоҷик, методикаи таълими фанни таърих, ҳаёти педагогҳои намоён, нахустин муаллимони ҷумҳурӣ, масъалаҳои соҳаи маориф ва маданият як қатор мақола ва рисолаҳо навиштааст. Муҳаррир ва муаллифи бисёр асарҳои коллективӣ мебошад. Бо роҳбарии ӯ даҳҳо нафар рисолаҳои докториву номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Ҷоизаҳо
вироишБарои хидматҳояш бо ордени «Ситораи Сурх», ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва якчанд медалҳо сарфароз гаштааст.
Осор
вироиш- Очерки мухтасари таърихи маорифи халқи Тоҷикистон, Д., 1965;
- Развитие народного образования и педагогической мысли в Таджикистане за годы Советской власти, Д., 1967;
- История развития народного образования в Таджикской ССР, Д., 1968;
- Маорифи халқ дар Тоҷикистони шӯравӣ, Д., 1985;
- Аз таълимоти ибтидоӣ ба маълумоти миёнаи умумӣ, Д., 1986;
- Расцвет народного образования в советском Таджикистане, Д., 1987;
- Теоритические основы коммунистического воспитания школьников, Д., 1988;
- Луғати тафсири истилоҳоти педагогика, Д., 1988;
- Педагогикаи мактаб, Д., 1977;
- Развитие народного образования в Таджикской ССР(1917-1931 гг., 1941-1967 гг.), Д., 1968;
- Таърихи ҶШС Тоҷикистон (барои синфҳои VII—X), Д., 1959, 1960, 1961, 1962, 1963, 1964, 1965 (бо забониҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ);
- Таърихи ҶШС Тоҷикистон (барои синфҳои VII—VIII), Д., 1963, 1964, 1965 (бо забониҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ);
- Оиди дарсдиҳии таърихи ҶШС Тоҷикистон дар курси таърихи СССР (маводи методӣ бо забони тоҷикӣ), Д., 1963;
- Таърихи ҶШС Тоҷикистон (барои синфи IV-ум), Д., 1964, 1965, 1966, 1967 (бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ).