Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов — (тав. 10 сентябри соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1974), Доктори илмҳои таърих, профессор
Иброҳим Кенҷаевич Усмонов | |
| |
Таърихи таваллуд | 10 сентябр 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Понғоз, ноҳияи Ашт |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | таърих |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишИброҳим Усмонов 10 сентябри соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ва соли 1971 шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм мекунад.
Фаъолияти кориро дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» оғоз кардааст. Соли 1976 аспирантураро дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов ба анҷом расонида ва худи ҳамон сол рисолаи номзадиашро дифоъ мекунад.
Аз соли 1981 то 1984 дар Донишгоҳи шаҳри Кобул фаъолият мекард. Соли 1988 декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон интихоб мешавад. Дар соли 1993 муовини раис ва сипас раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.
Солҳои 1995-1996 Мушовири давлатии Президенти кишвар оид ба илм ва масъалаҳои иҷтимоӣ буда, аз соли 1995 то 2000 вакили парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва маданияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар давраҳои музокароти сулҳи тоҷикон фаъолона иштирок кардааст ва аз моҳи июли соли 1997 то соли 2000 вазифаи раиси Комиссия оид ба масъалаҳои сиёсии Комиссияи оштии миллиро ба уҳда дошт.
Аз 6 январи соли 2004 то декабри соли 2006 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2009 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид.[1]
Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд [2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Иброҳим Усмонов - tojnews. 29 октябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 августи 2012.
- ↑ Иброҳим Усмонов - Озодагон
Пайвандҳо
вироишУСМОНОВ Иброхим Кенджаевич Бойгонӣ шудааст 17 июли 2014 сол.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |