Иброҳим Ҳасанов
Иброҳим Ҳасанов (Ҳасанов Иброҳим Ризоевич; 9 ноябри 1937, Душанбе — 2 марти 2010, Теҳрон) — варзишгар-мураббӣ (заврақронӣ), Устоди шоистаи варзиши ИҶШС (1963), Мураббии шоистаи варзиши ИҶШС (1972), номзади илмҳои тиб (1974), профессор (1986), дорандаи Мукофоти комсомоли Тоҷикистон (1977).
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Номи пурра | Ҳасанов Иброҳим Ризоевич |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тахассус | қаиқронӣ[d] |
Зодрӯз | 4 ноябр 1937 |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2 март 2010 |
Маҳалли даргузашт | Теҳрон, Эрон |
Қад | 173 см |
Вазн | 70 кг |
Таҳсил
вироишИброҳим Ҳасанов аввал Донишкадаи омӯзгории Душанбе ва сипас Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, номзади илми тиб ва профессор аст.
Ӯ 11 карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар заврақронӣ (дар заврақи навъи байдарка) буда, аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС оид ба заврақронӣ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1960 дар Рим ва соли 1964 дар Токио ҳунарнамоӣ кардааст. Иброҳим Ҳасанов, унвонҳои баланди Устоди шоистаи варзиш ва Мураббии шоистаи Итиҳоди Шӯравиро дошт. Вай барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти заврақронии ҷаҳонӣ ва аврупоӣ буд.
Иброҳим Ҳасанов солҳои 1984—1985 раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, солҳои 1985—1991 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аввалин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буд. Вай ду маротиба депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.
Иброҳим Ҳасанов, ки дар тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузоштааст, мураббии барҷастаи Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф шудааст. Аз ҷумлаи шогирдонаш Юрий Лобанов, қаҳрамон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ, қаҳрамони 8-каратаи ҷаҳон ва Михаил Лобанов қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон мебошанд.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «Нишони фахрӣ», Устоди шоистаи варзиши ИҶШС, Мураббии шоистаи варзиши ИҶШС, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Мукофоти комсомоли Тоҷикистон ва дигар ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шудааст.
Беморӣ ва марг
вироишИброҳим Ҳасанов, ки чанд соли ахир тими мунтахаби қаиқронии Эронро машқ медод, 2 марти соли 2010 бар асари ҳамлаи қалбӣ дар синни 73 солагӣ дар Теҳрон аз олам даргузашт[1].
Ҷасади Иброҳим Ҳасанов аз Теҳрон ба Душанбе интиқол шуда, рӯзи 7 марти соли 2010 дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супурда шуд[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Иброҳим Ҳасанов, мураббии варзидаи тоҷик даргузашт. Радиои Озодӣ. 17 октябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Аввалин олимпичии тоҷик ба хок супурда шуд. Радиои Озодӣ. 17 октябри 2017 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- http://khasanoves.narod.ru/ — сомона дар бораи Иброҳим Ҳасанов