Иван Гончаров
Иван Александрович Гончаров (6 [18] июн 1812[1][2], Уляновск[d] — 15 [27] сентябр 1891[3][1], Санкт-Петербург[4]) — нависандаи рус, очеркнавис.
Таърихи таваллуд: | 6 (18) июн 1812[1][2] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 15 (27) сентябр 1891[3][1] (79 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Солҳои эҷод: | аз 1838 |
Жанр: | румон, Очерк (Қиссаи мустанад) ва мақола[d] |
Забони осор: | русӣ[5][6] |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАз хонаводаи тоҷир. Хатмкардаи Донишгоҳи Маскав (1834). Сипас ба Санкт-Петербург омада, дар Вазорати молия ва солҳои 1863-67 дар идораи сензура кор кард. Дар оғози роҳи эҷод тарафдори В. Г. Белинский ва таълимоти ӯ буд. Пас аз таълифи нахустин романи комили «Ҳодисаи одӣ» (1845-46, нашраш 1847; тарҷумаи тоҷикиаш — 1959), Г. чун яке аз беҳтарин нависандагони рус шуҳрат ёфт. Дар ин асар рафти ҳодисаҳо дар бархӯрди орзуҳои сентименталию романтикии қаҳрамони ҷавону воқеияти замон сурат гирифтаанд.
Солҳои 1852-54 Г. дар вазифаи муншии адмирал Е. В. Путятин ба саёҳати ҷаҳон баромад ва соли 1858 маҷмӯаи очеркҳои «Фрегати Паллада»-ро мунташир намуд, ки бо тасвирҳои этнографӣ, андешаҳо пиромуни ояндаи тамаддун ва беллетристика тавъам аст. Дар романи дуввуми Г. «Обломов» (1847-57, нашр 1849) тазодди ду мабдаи ба табиати инсон хос: коҳилӣ (Обломов)-ву фаъолӣ (Штолтс) манзур шудаанд. Образи Обломов, ки бо вижагиҳои амиқи хислатҳои миллӣ қаламдод шудааст, боиси баҳси марбут ба табдил шудани Обломов ба яке аз чеҳраҳои рамзии фарҳанги русӣ гардид. Г. дар ин роман баъзе қонунҳои романнависӣ (мас., рақобати ишқӣ ҳамчун асоси сужет)-ро сарфи назар кардааст. Ҳамчунин романи севвуми ӯ «Варта» (1850-68, нашраш 1869; тарҷумаи тоҷикиаш — 1962) баҳси тезу тундеро оид ба мавзӯи нигилизм ба миён овард (образи Марк Волохов). Г. худ бо ҳеч кадом ҷараёнҳои назариявӣ ҳамраъй набуд. Ӯ ба мушкилоти шуури ҷамъиятӣ на дар мисоли мухолифатҳои қаҳрамононаш, балки вобаста ба воқеияти зиндагии ҳаррӯза рӯй овардааст. Ҳамчун мунаққид бо мақолаи «Миллион азоб» (1872), ки дар он мазҳакаи А. С. Грибоедов баррасӣ шудааст, машҳур гардид.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Goncharov, Ivan Alexandrovich (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 12. — P. 230.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Венгеров С. А. Гончаров, Иван Александрович (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1893. — Т. IX. — С. 200—205.
- ↑ 4.0 4.1 Гончаров Иван Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
вироиш- Гончаров Иван Александрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи нависанда аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |