Иван Граве
Иван Платонович Граве (25 ноябр 1874, Қазон, Kazan Uyezd[d], Kazan Governorate[d], Русияи подшоҳӣ[1] — 3 март 1960[1], Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС[1]) — олими шӯравӣ дар соҳаи артиллерия, асосгузори мактаби баллистика (илмест дар бораи ҳаракати ҷисмҳо, ки ба фазо партофта шудаанд)-и шӯравӣ, доктори илмҳои техникӣ (1939), профессор (1927), узви ҳақиқии АИ-и артиллерӣ (1947-53), генерал-майори умури муҳандисию техникаи ҳарбӣ (1942).
Таърихи таваллуд | 25 ноябр 1874 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 март 1960[1] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | баллистика |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишОмӯзишгоҳи артиллерӣ (1895) ва Академияи артиллерии Михайловро (1900) хатм кардааст. Аз соли 1904 омӯзгори Академияи артиллерии Михайлов буд. Соли 1916 мушаки ҷангии борути бедуд — тимсоли тири ракетаро кашф намудааст. Иван Граве яке аз муассисони мактаби шӯравии баллистика буда, бо таҳқиқу асарҳои илмии худ ба рушди технологияи мушаксозӣ мусоидат кардааст.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС. Бо орденҳои Станислави Муқаддас (1908) ва Аннаи муқаддас (1911), Ленин, Байрақи Сурх, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), Ситораи Сурх ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст. Ба танӯраи тарафи нонамоёни Моҳ номи Иван Граве дода шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Граве Иван Платонович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
вироиш- Граве Иван Платонович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.