Иван Губкин
Губкин Иван Михайлович (9 [21] сентябр 1871, Q19815175?, Vladimir Governorate[d] — 21 апрел 1939[1][2][3], Маскав[1]) — заминшиноси шӯравӣ, асосгузори геологияи нафт, академики АИ ИҶШС (1929), ноиби президенти АИ ИҶШС (1936—1939), раиси филиали АИ ИҶШС дар Озарбойҷон (1937).
Таърихи таваллуд | 9 (21) сентябр 1871 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 апрел 1939[1][2][3] (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | petroleum geology[d] ва заминшиносӣ[4] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти кӯҳкории Петербург (1910). Солҳои 1917-18 илми соҳаи саноати нафтро дар ИМА омӯхт. Аз соли 1920 раиси Шӯрои саноати нафти ИҶШС. Солҳои 1920-25 раиси Комиссияи махсуси таҳқиқи Аномалияи магнитии Курск. Аз соли 1920 профессор, аз соли 1922 ректори Академияи кӯҳкории Маскав, аз соли 1930 ректори Институти нафти Маскав. Солҳои 1930-36 раиси Шӯрои таҳқиқоти қувваҳои истеҳсолии АИ ИҶШС. Осори илмии ӯ ба геологияи нафт ва кашфи конҳои нафти Қафқози Шимолӣ, Озарбойҷон ва Сибир бахшида шудаанд. Шаҳр ва ноҳия дар вилояти Белгород, шаҳр дар вилояти мухтори Ямало-Ненеск, Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия, сахрае дар Антарктида ва чандин кӯчаву муассисаи илмии Русия ба шарафи Г. номгузорӣ шудаанд. Бо орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Губкин Иван Михайлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.) — LZMK, 1999. — 9272 с.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
вироиш- Губкин Иван Михайлович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Кумок Я. Н. Губкин. М., 1968;
- Академик И. М. Губкин/Под ред. А. И. Владимирова. М., 2000.