Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия
Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия ба номи И. М. Губкин — муассисаи давлатии олии таълимиест, ки соли 1930 дар шаҳри Маскав таъсис ёфтааст, мутахассисони соҳаи нафту газро омода мекунад. Дар соли 2010 мақоми Донишгоҳи миллии тадқиқотии Русияро гирифт.
(Донишгоҳи Губкин) | |
---|---|
Номи аслӣ | Российский государственный университет нефти и газа им. И. М. Губкина |
Номи байналмилалӣ | Gubkin University |
Номҳои қаблӣ | Московский Нефтяной институт |
Соли таъсисёбӣ | 1930 |
Навъ | муассисаи таълимии олии давлатӣ |
Ректор | Мартынов В. Г. |
Донишҷӯён | зиёда аз 8000 |
Донишҷӯёни хориҷӣ | зиёда аз 1800 |
Аспирантура | зиёда аз 200 |
Рангҳо | |
Мавқеъ | Русия |
Нишонии ҳуқуқӣ | шаҳри Маскав, Ленинский проспект, 65. |
Сайт | gubkin.ru |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия дар шаҳрҳои Оренбург, Тошканд ва Ашқобод филиалҳои худро дорад.
Таърих
вироишДонишгоҳи давлатии нафту гази Русия ба шарафи асосгузори геологияи нафт дар ИҶШС Иван Губкин номгузорӣ шудааст ва бо гузашти солҳо 6 маротиба таъғир ёфтааст:
Солҳо | Ивази ном |
---|---|
1930-1945 | Московский нефтяной институт имени И. М. Губкина |
1945-1958 | Московский ордена Трудового Красного Знамени нефтяной институт имени академика И. М. Губкина |
1958-1985 | Московский ордена Трудового Красного Знамени институт нефтехимической и газовой промышленности имени И. М. Губкина |
1985-1991 | Московский институт нефти и газа имени И. М. Губкина |
1991-1998 | Государственная академия нефти и газа имени И. М. Губкина |
аз соли 1998 то ҳол | Российский государственный университет нефти и газа имени И. М. Губкина |
Хатмкардагони Донишгоҳ
вироишҶоизаҳо
вироиш- Соли 1945 бо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат;
- Соли 1980 бо Ордени Инқилоби Октябр;
- Соли 2000 бо Ордени Дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам;
- Соли 2010 бо ордени Меҳнат, дараҷаи III, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам;
- Соли 2017 бо Ордени «Дӯстлик» мукофотонида шудааст.
Донишгоҳ бо номи «оташдони карасини» дар байни донишҷӯён маъруф гаштааст.
Факултаҳо
вироиш- Факултаи геология ва геофизикаи нафту газ
- Факултаи коркарди конҳои нафту газ
- Факултаи лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи системаҳои интиқоли қубур
- Факултаи мошинсозӣ
- Факултаи технологияи химиявӣ ва экология
- Факултаи автоматика ва муҳандисии компютерӣ
- Факултаи иқтисод ва менеҷмент
- Факултаи тиҷорати байналмилалии энергетикӣ
- Факултаи ҳуқуқшиносӣ
- Факултаи бехатарии маҷмӯи сӯзишворию энергетикӣ.[1]
Ҷолиб
вироишДавоми 93 соли фаолияти Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия ба номи академик И. М. Губкин, ҳамаги як нафар аз Тоҷикистон ин ҷо автореферати номзадиро ҳимоя кардааст.[2]
Галерея
вироиш-
Донишгоҳ дар соли 2022
-
Намои донишгоҳ, ш. Маскав, хиёбони Ленин, бинои 65
-
Донишгоҳ дар соли 2008
-
Донишҷӯён дар саҳни донишгоҳ, посбонҳои фахрӣ, 7 майи соли 2008
Таҳримҳо
вироишАз 19 майи соли 2023 донишгоҳи давлатии нафту гази Русия ба рӯйхати таҳримҳои ИМА дохил карда шуд.[3][4]
Адабиёт
вироиш- Королёва О. Э. Метонимия как тип значения: семантическая характеристика и сферы употребления. — Обнинск: Институт муниципального управления, 2002. — 159 с.
- Татур И. Р., Татур А. Р., Силин М. А. Волшебный свет керосиновой лампы Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2023 сол. / под ред. В. Г. Мартынова. — М. : Российский государственный университет нефти и газа (НИУ) имени И. М. Губкина, Кучково поле Музеон, 2020. — 184 с. : ил. ISBN 978-5-907174-39-9
Пайвандҳо
вироишОлимони Донишгоҳ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%A0%D0%BE%D1%81%D1%81%D0%B8%D0%B9%D1%81%D0%BA%D0%B8%D0%B9_%D0%B3%D0%BE%D1%81%D1%83%D0%B4%D0%B0%D1%80%D1%81%D1%82%D0%B2%D0%B5%D0%BD%D0%BD%D1%8B%D0%B9_%D1%83%D0%BD%D0%B8%D0%B2%D0%B5%D1%80%D1%81%D0%B8%D1%82%D0%B5%D1%82_%D0%BD%D0%B5%D1%84%D1%82%D0%B8_%D0%B8_%D0%B3%D0%B0%D0%B7%D0%B0?_e_pi_=7%2CPAGE_ID10%2C5627864418
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 25 ноябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 марти 2022.
- ↑ США ввели санкции против российских геологических вузов и НИИ(рус.). РБК (19 май 2023).
- ↑ Минфин США расширил список антироссийских санкций. TACC.