Игор Глебов
Игор Глебов (русӣ: И́горь Алексе́евич Гле́бов; 21 январи 1914, Санкт-Петербург — 11 январи 2002, ҳамон ҷо) — олими рус дар соҳаи электроэнергетика ва мошинсозии электрӣ. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1981). Академики АИ ИҶШС (1976), академики АИ Федератсияи Русия (1991).
Таърихи таваллуд | 21 январ 1914 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 11 январ 2002 (87 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | мошинсозӣ |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти политехникии Ленинград (1938). Солҳои 1941—1945 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1946—1954 дар Институти асбобсозии авиатсионии Ленинград, 1951—1961 дар Институти технологии саноати хӯрокворӣ, аз 1961 дар Инстиути умумииттифоқии таҳқиқоти илмии мошинсозии электрӣ (аз 1973 директор) фаъолият намуд. Игор Глебов асосан дар соҳаи системаҳои электроэнергетикӣ, коркарди мошинҳои электрии пуриқтидор, татбиқи ҳодисаи фавқунноқилият дар мошинсозии электрӣ таҳқиқот анҷом додааст. Игор Глебов системаҳои нави ангезиш ва танзими автоматии турбоагрегатҳову ҳидроагрегатҳоро ихтироъ намуда, мошинҳои электрӣ ва табдилдиҳандаҳои нимноқилиро такмил додааст. Игор Глебов солҳои 1968—1976 президенти Комитети таҳқиқоти илмии «Мошинҳои электрии чархзананда» дар назди Ташкилоти байналмилалӣ оид ба силсилаи энергетикии азим (СИГРЭ) буд; узви ҳақиқии Институти Амрико оид ба электротехника ва электроника.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1968), Мукофоти давлатии Украина (1990), Мукофоти давлатии Русия оид ба илму техника (2001). Бо орденҳои «Барои хидматҳои шоён дар назди Ватан», Ленин, Александр Невский, Револютсияи Октябр ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Сарчашма
вироиш- Глебов Игор Алексеевич / Н. Қозиҷонова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.