Иди Фитр (ар. عِيدُ الْفِطْرِ‎), иди Сиём, ё Иди Рамзон (ар. عید رمضان‎) — яке аз ду иди бузурги исломӣ, ки ба думболи поён ёфтани рӯзаи моҳи Рамазон, рӯзи якуми моҳи шавволи солшумории ҳиҷрии қамарӣ баргузор мешавад.

Иди Рамазон
Сана 2 шаввол[d] ва 1 шаввол[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ба қавли Берунӣ, «нахустин рӯз аз шаввол иди рӯза кушодан аст ва рӯза доштан бад-ӯ ҳаром аст» («Китобу-т-тафҳим», саҳ. 232). Ба Иди Рамзон ва Иди Қурбон идайн низ гуфта мешавад. Аз ҷумлаи воҷиботи динӣ дар ин рӯз додани садақаи фитр ва баргузории намози ид мебошад. Баъди намоз, маъмулан, ба сари манзили фавтидагон, хонаи наздикону пайвандон, ёрону дӯстон, ҳамсоягон (асосан хонаҳои азодор) рафта, Қуръон тиловат мекунанд, дар ҳаққи арвоҳи гузаштагон дуову фотиҳа мехонанд, ба хонадони мусибатзада аз Худованд сабри ҷамил талаб менамоянд, орзуву таманнои хайр мекунанд, ки ин худ як навъ ифодаи таслияту таскинбахшӣ ва изҳори ҳамдардиву ғамхорӣ дар ҳаққи якдигар аст.

Аз ҷумлаи анъанаву суннатҳои неке, ки дар рӯзҳои Иди Рамзон ва Иди Қурбон анҷом дода мешавад, хайру саховат ба ниёзмандон аст.

Намози ид ва суннатҳо

вироиш

Маъмулан, дар хондани намози Иди Рамзон таъхир карда мешавад. Уламои дин сабаби инро дар он мебинанд, ки барои додани садақаи фитр фурсати бештар фароҳам гардад. Ҳикмати асосӣ дар ин мавридҳо, агар, аз як сӯ, ба савоби афзунтар ноил гардидани саховатмандону хайркунандагон бошад, аз сӯйи дигар, ҳар чӣ бештар баҳравар шудани ниёзмандон аз ин хайру саховати онҳост.

Анъана ва суннати неки дигар дар рӯзҳои Иди Рамзон пӯшидани либоси беҳтарин, хешро оростану перостан ва бо шодию нишот ба идгоҳ (намозгоҳ) ва табрики ҳамдигар рафтан аст. Шодиву хурсандӣ кардан дар рӯзҳои ид дар замони паёмбар Муҳаммад низ маъмул будааст. Чунончи, дар як ривоят аз Оишаи Сиддиқа омадааст, ки рӯзе назди ӯ ду духтарак – Ҳамома ва Зайнаб сурудхонӣ мекарданд. Дар ин вақт паёмбар Муҳаммад даромаданд ва ба як паҳлу дароз кашиданд. Баъд аз он Абубакри Сиддиқ даромаданд ва сурудхонии духтараконро дар ҳузури паёмбар Муҳаммад дида, духтари худро сарзаниш карданд. паёмбар Муҳаммад бо хитоб ба Абубакри Сиддиқ гуфтанд: «Ба онҳо чизе магӯ!».

Иди Азҳо расму оини Халили Озар аст,
Иди Фитр андар шариат суннати пайғамбар аст.

Муиззӣ

Дар Тоҷикистон

вироиш

Моҳи рамазон ва иди Фитр дар байни мардуми тоҷик ҳамроҳ бо расму ойинҳо, бовару муътақидот, шеъру таронаҳо ва пазироии махсус садсолаҳои зиёд аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Мардуми тоҷик моҳи рамазонро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд.

Ҳамчун яке аз рукнҳои ибодат дар давоми сӣ рӯзи моҳи рамазон мусулмонон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб чизе тановул намекунанд. Ҳамеша ба якдигар муомилаи хуш карда, забонашонро аз ғайбат, туҳмат ва дашном нигоҳ медоранд. Сипас баъди ифтор дар масҷидҳои шаҳру деҳот ва маҳаллаҳо мардҳо ҷамъ омада, ба хондани намози таровеҳ машғул мешаванд. Дар намози таровеҳ хатми Қуръон карда, дуоҳо хонда мешаванд. Як одати маъмулии моҳи рамазон рабиманхонии бачагон мебошад, ки дар бисёр ноҳияҳо иҷро мешавад. Дар шабҳои рамазон баъд аз ифтор бачагону наврасон гурӯҳ шуда, хона ба хона мегарданд ва суруди «Раби ман»-ро дастҷамъона бар дари ҳар хонавода рафта, мехонанд.

Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон.
Раби ман чанд рӯз меҳмони ман аст,
Шабако ошаки явғони ман аст.
Эй бибӣ, бархез давлат саратон,
Саду бистсола шавад писаратон.
Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон.
Бачаҳо омадаанд лаб-лаби бом,
Худо як писар диҳад муллоимом.
Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон.
Бачаҳо омадаанд мавиз барин,
Худо як писар диҳад раис барин.
Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон.
Бачаҳо омадаанд ғура барин,
Худо як писар диҳад тӯра барин.
Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,
Раби ман, Аллоҳ, моҳи Рамазон...
Ё савоб, ё ҷавоб, ё як коса ғулунгоб.

Анъанаи дигаре, ки дар рамазон маъмул аст, гузаронидани шаби қадр аст, ки шаби 27-уми ҳамин моҳ мебошад. Дар ин шаб мардум шабзиндадорӣ намуда, ба ибодату тиловати Қуръон машғул мешаванд.

То се рӯз мондани ид мардум мувофиқи воҷиботи дини Ислом ба ятимону ниёзмандон садақаи фитр медиҳанд. Дар хонаҳо занон ба ид тайёрӣ дида, ба пухтани кулча, орзуқ, чагалдак, ҳалвои сафедак, сурхак ва дигар хӯрданиҳо машғул мешаванд.

Дар Тоҷикистон Иди Рамзон дар шумори идҳои расмӣ ва рӯзи истироҳат аст.

Идгардак

вироиш
Мақолаи асосӣ: Идгардак

Рӯзи ид аз ҳама бештар хурдсолон хурсандӣ мекунанд. Соҳибхонаҳо ба кӯдакон ҳадяҳое чун тухм, хурӯсқанд, сақич, пул ва ё ҳар гуна бозичаҳо медиҳанд. Дар масҷидҳои ҷомеъ намози иди Фитр барпо мешавад. Баъди адои намоз мардҳо аввал ба хонаҳое, мераванд, ки наздиконашон ҳамон сол фавтида бошад. Дар он ҷо рафта дуову фотиҳа карда, аз Қуръони карим оятҳо қироат мекунанд. Сипас ба аёдати беморон ва пиронсолони маҳалла, ба хонаҳои наздикон ва хешу ақрабо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва ба арвоҳи гузаштагон ояту дуоҳо мехонанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. — Душанбе: Эр-Граф, 2017. — С. 90-91. — 280 с.

Адабиёт

вироиш