Изафенин
Изафенин — хокаи сафед, бӯи сиркоро дорад.
Дар об ҳал нашуда, дар спирти этил бад ҳал мешавад. Изафенинро дар тиб чун давои исҳоловар истифода мебаранд. Дарун баъди 10‒12 соати истеъмоли изафенин меравад. Изафенин бар фарқи фенолфталеин ба гурдаҳо таъсир намерасонад. Изафенинро ҳангоми қабзияти музмин ва беҳолии рӯдаҳо таъйин мекунанд. Вояи якдафъагии он барои калонсолон 0,025 ва вояи шаборӯзиаш 0,05г муқаррар шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Изафенин // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.