Изҳори ирода — кӯшишу талоши мақсадноку бошууронаи инсон барои иҷрои ин ё он амалиёт. Сарчашмаи фаъолияти иродавии инсон дунёи объективй, фаъолияти предметиву амалии инсон мебошад, ки барои дигаргунсозии олам равона шуда, ба қонунҳои объективии табиат асос дорад. Озодии ирода ин қобилияти қабули қарор бо фаҳму Дарки кор аст. Характери иродавии амал ва ё кирдори инсон дар ҳолатҳое зоҳир мешавад, ки вақте инсон барои ба даст овардани мақсад монеаҳои дохиливу беруниро пушти сар мекунад. Унсур ё звенои ибтидоии амалиёти иродавӣ дарки бошууронаи мақсад, баъдан қабули қарор оид ба амалиёт, интихоби воситаҳои ба мақсад мувофиқи ба роҳ мондани фаъолият ё амалиёт ба ҳисоб мераванд.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 175