Акмал Икромов

(Тағйири масир аз Икромов Акмал)

Акмал Икромов (ӯзбекӣ: Akmal Ikramovich Ikramov; 1898[1], Тошканд, генерал-губернатории Туркистон13 март 1938, Маскав) — ходими давлатӣ ва сиёсатмадори шӯравӣ.

Акмал Икромов
Таваллуд 1898[1]
Даргузашт 13 март 1938(1938-03-13)
Мадфан
Ҳизб
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
ордени Ленин
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагмнома

вироиш

Акмал Икромов соли 1898 дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Арбоби давлатӣ ва ҳизбӣ ва яке аз ташкилотчиёни ҳизби коммунисти Ӯзбекистон. Фаъолияти ҳизбияш аз вилоятҳои Наманган, Тошкент, Фарғона оғоз гардидааст. Аввал ҷонишини кумитаи инқилобии Намангон, баъдтар котиби кумитаҳои вилоятии РКП (б) дар Фарғона ва Сирдарё буда, сипас ду сол ба ҳайси мудири шуъбаи ташкилӣ ва котиби КМ ҲК Туркистон кор кард. Аз соли 1922 дар Университети коммунистии ба номи Свердлови Москва таҳсил кард. Соли 1925 котиби кумитаи ҳизбии вилояти Тошкент ва дар як вақт котиби КМ ҲК (б) Ӯзбекистон, аз соли 1929 котиби якуми КМ ҲК (б) Ӯзбекистон ва Бюрои Осиёмиёнагии КМ ВКП (б). Вакили анчуманҳои XII, XIV, XVII — уми ҳизб, дар анҷуманҳои XIV-XVI-ум номзад ба узвияи, дар анҷумани XVII-аъзои КМ ВКП (б) интихоб гардид. Узви КИМ-и ИҶШС ва номзад ба аъзоии КИМ, солҳои 19251937 узви Президиуми КИМ — и Ӯзбекистон буд. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.