Иля Векуа
Иля́ Не́сторович Ве́куа (гурҷӣ: ილია ნესტორის ძე ვეკუა; 23 апрел [6 май] 1907[1], Shesheleti[d], Губернияи Кутаиси, Русияи подшоҳӣ[1] — 2 декабр 1977[1], Тифлис, ИҶШС) — риёзидон ва механики шӯравӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор (1940), академики АИ ИҶ ШС (1958), академик (1946) ва президенти АИ ҶШС Гурҷистон (аз соли 1972), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Гурҷистон (1950), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969).
гурҷӣ: ილია ვეკუა русӣ: Илья Несторович Векуа | |
Таърихи таваллуд | 23 апрел (6 май) 1907[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 2 декабр 1977[1] (70 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | mathematical physics[d], integral equation[d][2], theory of differential equations[d], риёзиёт[2], partial differential equation[d][2] ва механика[2] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d][1] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Aleksey Krylov[d] |
Шогирдон | Mark Vishik[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тифлис (1930). Солҳои 1933-51 дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 1951-57 мудири кафедраи механикаи назариявии Институти физикаву техникаи Маскав, 1954-59 ҷонишини директори Институти математикаи АИ ИҶШС, 1959-64 ректори Донишгоҳи давлатии Новосибирск, 1964-65 ноиби президенти АИ ҶШС Гурҷистон, 1965-72 ректори Донишгоҳи давлатии Тифлис, 1972-77 президенти АИ ҶШС Гурҷистон буд.
Корҳои асосии илмии Иля Векуа ба соҳаи назарияи функсияҳо, назарияи математикии чандирият, назарияи муодилаҳои навъи омехта, назарияи масъалаҳои канорӣ барои системаҳои муодилаҳои эллипсӣ, назарияи муодилаҳои интегралии сингулярии бисёрчена ва ҳидроаэромеханика бахшида шудаанд. Дар бораи истифодаи усулҳои назарияи функсияҳои тағйирёбандаи маҷмӯӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралию дифференсиалӣ, масъалаҳои физика ва механика таҳқиқот анҷом додааст. Истифодаи усулҳои назарияи функсияҳои таҳлилиро барои ҳисоб кардани қишрҳои ихтиёрии каҷиашон мусбат пешниҳод кард ва барои ин усули каҷиҳои беохири хурдро такмил дод. Назарияи муодилаҳои интегралии сингулярӣ, усулҳои умумии ҳалли синфи васеи муодилаҳои ҳосилаи хусусиашон эллипсиро пешниҳод кард. Барои ҳал ва таҳқиқи масъалаҳои канории умумӣ усули таҳқиқи функсияҳои таҳлилии умумикардашударо кашф намуд. Ин таҳқиқоти математикӣ дар назарияи қишрҳои чандирӣ ва назарияи каҷшавии сатҳҳо дар геометрия аҳаммияти бузурги амалӣ доранд. Дар таъсиси мактаби математикони Гурҷистон саҳми калон гузоштааст. Иля Векуа бо Институти математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон ҳамкории илмӣ дошт. Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1950), Мукофоти ленинӣ (1963), Мукофоти давлатии ИҶШС (1984, пас аз марг). Бо 5 ордени Ленин, ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъвати 7 ва 8; 1966-77). Институти математикаи амалии Донишгоҳи Тифлис, Институти физика ва техникаи Сухуми ва як мактаби ш. Тифлис номи Иля Векуа-ро доранд. Ба шарафи Иля Векуа олимпиадаи барномасозон баргузор мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Векуа Иля Несторович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.