Иммунитет
Иммунитет, масуният (лот. immunitas 'раҳоӣ, халосӣ аз чизе') — маҷмӯи аксуламалест, ки ба муҳофизати организм аз ангезаҳои сироят ва маводи хосиятҳои ҷинсиашон барои ҷисм бегона нигаронида шудааст.
Таъйинот
вироишБа чунин моддаҳо бактерияҳо ва заҳри онҳо, вирусҳо, соддатаринҳо, кирмҳои паразит, бофта ё узвҳои пайвандӣ, ҳуҷайраҳои аслии тағйирёфта (мас., ҳуҷайраҳои саратон) ва ғайра мансубанд, ки подзоҳо – антигенҳо (унсурҳои химиявии барои организм бегона) доранд. Маҳз таъсири антигенҳо ҳангоми ба организм роҳ ёфтани онҳо (масалан, дар натиҷаи сӯзандору кардан, бемории сироятӣ, пайванди узву бофтаҳо) сабаби ҳосил шудани подтанҳо ё ягон навъи дигари аксуламали иммунӣ мегардад.
Подтанҳо қобиланд бо подзоҳо таъсир расонда, онҳоро безарар гардонанд. Ғайр аз ҳосил шудани подтанҳо (ба истилоҳ шакли хилтии иммунитет), тарзи дигари реаксияи иммунии организм ба тазриқи антиген, яъне шакли ҳуҷайравии таассури иммунӣ низ вуҷуд дорад.
Тағйири иммуниеро, ки дар организм зери таъсири антиген ба вуҷуд меояд, «иммунитети ғайримодарзодӣ меноманд. Он ду навъ – фаъол ва нофаъол мешавад. Чунончи, иммунитети фаъол дар натиҷаи бемории сироятӣ ё тазриқи ваксина пайдо мегардад; баъди 1 – 2 ҳафтаи тазриқи антиген ҳосил шуда, солҳо ё даҳсолаҳо (ҳангоми сурхча – умрбод) барҷо мемонад. Иммунитети нофаъол дар мавриди интиқоли подтанҳо ба тавассути машима аз модар ба ҷанин пайдо шуда, кӯдаки навзодро ба таъсири баъзе бемориҳои сироятӣ, мас., сурхча, устувор мегардонад. Ба организм зардобҳои масунӣ гузаронида, чунин иммунитетро ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардан мумкин аст. Зардобҳои масунӣ зидди ҳамон микробҳо ё заҳрҳое, ки бактерияҳо ҳосил мекунанд, подтан доранд.
Дар муҳофизати организм аз ангезандаҳои амрози сироятӣ, ғайр аз иммунитети ғайримодарзодӣ, омилҳои номахсуси муҳофизат низ аҳамияти калон доранд. Мас., аз пӯсти солим ва луобпардаҳо нагузаштани бисёр микроорганизмҳо; дар усораи пӯст ва муҳтавои турши меъда мавҷуд будани моддаҳое, ки ба микроорганизмҳо таъсири ногувор мерасонанд, дар хун ва моеоти организм (оби даҳон, ашк ва ғайра) вуҷуд доштани ферментҳое, ки микроорганизмҳоро маҳв мекунанд (мас., лизосим, пропердин ва ғайра).
Ҳамчунин муқаррар шудааст, ки вирусҳо, заҳр ва маҳсули таҷзияи микроорганизмҳо аз организм ба тавассути арақ, балғам, пешоб, пасафканд ва ғ. ихроҷ мешаванд.
Дар аснои сирояти бемориҳои вирусӣ чунин омилҳои номахсуси муҳофизат, аз қабили интерферон (сафедаи зиддивирусие, ки ҳуҷайраҳои сироятёфта ҳосил мекунанд) ва ингибитори вирусҳо (моддаҳое, ки дар хун, оби даҳон, тарашшӯҳи роҳҳои болои нафас вуҷуд дошта, таркиби химиявиашон ба таркиби пардаи ҳуҷайраҳо монанд мебошад) аҳамияти калон доранд. Интибиторҳо мисли подтанҳо ба вирусҳо таъсир расонда, садди часпидани онҳо ба сатҳи ҳуҷайраҳои ҳассоси организм ва роҳ ёфтан ба ҳуҷайра мегарданд. Истифодаи интерферон боиси кам шудани ҳуҷайраҳои ба вирус ҳассос гашта, инкишофи бемориҳои сироятиро бозмедорад. Интерферон хусусан барои пешгирӣ ва сабук кардани ҷараёни беморӣ (мас., дар мавриди грипп) самарабахш аст.
Баланд шудани ҳарорати бадани беморро низ ба қатори омилҳои номахсуси муҳофизат дохил мекунанд. Мас., он ҳангоми бемориҳои вирусӣ муҷиби шифои бемор мегардад. Тарзи таъсири муҳофизатии ҳарорат дар аснои амрози вирусӣ пурра муайян нашудааст.
Дар иммунитет комплемент ва фагоситҳо мавқеи махсус доранд. Комплемент маҷмӯи сафедаҳои зардоби хун, лимфа ва моеи бофтаҳо аст. Яке аз ҷузъҳои таркибии комплемент ба молекулаи подтанҳо пайваста, боиси ихтилоли ҳуҷайраҳои антигендоре мегардад, ки зидди онҳо подтанҳо ташаккул ёфтаанд. Ҳосил шудани комплемент аксуламал ба тазриқи антиген нест. Он дар организм доимо вуҷуд дорад, мас., комплемент якҷоя бо подтанҳо баҳри ангезандаи бемориҳои сироятиро маҳв сохтани фагоситҳо ёрӣ мерасонад.
Аҳамияти фагоситҳоро бори нахуст олими рус иммунитет И. Мечников муқаррар кардааст. Соли 1883 ӯ исбот намуд, ки муқобилати организм ба бемориҳои сироятӣ ба қобилияти ангезандаҳоро доштану ҳазм кардани ҳуҷайраҳои махсуси хун ва бофтаҳои организм вобастагӣ дорад. (И. И. Мечников онҳоро фагоситҳо номид). Ин амал «фагоситоз» номида шуд. Фагоситозро опсонинҳо (подтанҳо ки бо микроорганизмҳо пайваста аз ҷониби фагоситҳо доштану ҳазм кардани онҳоро осон менамоянд) тақвият мебахшанд. Фагоситозро ду навъи ҳуҷайраҳо – лейкоситҳои хун ва макрофаги бофтаҳо ба амал меоранд.
Мавқеи омилҳои номахсуси иммунитет, ки ба онҳо комплемент ва фагоситҳоро низ мансуб медонанд, дар таъмини тобоварии организм ба бемориҳои сироятӣ хеле калон аст. Иммунитети номахсус мумкин аст ҳангоми сӯхтан, сармо задан, талафи хун, гуруснагӣ ва садама суст шавад (он гоҳ организм ба таъсири бемориҳои сироятӣ, амрози гуногуни римнок ва илтиҳоб хеле ҳассос мегардад). Доруҳое мавҷуданд, ки дараҷаи иммунитети номахсус ва дар робита ба ин тобоварии организмро ба таъсири муҳит меафзоянд.
Тариқаи муҳофизии иммунитет
вироишАксуламали масуниро силсилаи лимфамонанди организм амалӣ мегардонад. Ба таркиби он мағзи устухон, тимус (ниг. Ғадуди ҷоғар), испурч, пулакчаҳои пейер (лимфоиди)-и рӯда, гиреҳҳои лимфавӣ дохил мешаванд. Онҳо байни ҳамдигар тавассути шабакаи рагҳои хун ва лимфа ба силсилаи ягона пайваст шудаанд. Ташкилаҳои ҷудогонае, ки дар таркиби силсилаи лимфамонанд вуҷуд доранд, аз ҷиҳати вазифа гуногун мебошанд. Онҳо ду навъ – марказӣ ва канорӣ мешаванд. Ҳосилшавии подтанҳо ва балоғати комили лимфоситҳо дар узвҳои канорӣ (сипурз, гиреҳҳои лимфавӣ) ба амал меояд, ки рушду фаъолияти доимии онҳо ба ташкилаҳои марказии лимфамонанд – мағзи устухон ва тимус вобаста аст. Дар мағзи устухон ҳуҷайраҳои бунёдӣ – саромади навъҳои гуногуни ҳуҷайраҳои хун мавҷуданд.
Тимус дар паси устухони сари сина ҷойгир аст. Дар он лимфоситҳои хурд – тимоситҳо (ҳуҷайраи ғадуди ҷоғар) мавҷуданд. Мавқеи тимусро дар ташаккули силсилаи масунӣ соли 1961 олими австралӣ Д. Миллер исбот кард. ӯ муқаррар намуд, ки бурида партофтани тимуси мушбачаҳо боиси кам ҳосил шудани подтанҳо ва афзудани давомати ҳаёти бофтаи ҷисман бегонаи пайвандшуда мегардад. Аз ин бармеояд, ки тимус дар ду навъи таассури масунӣ ширкат меварзад: хилтӣ – ҳосил кардани подтанҳо ва ҳуҷайравӣ – ҷудо гаштан (хушкидан)-и бофтаи бегонаи пайвандшудае, ки бо иштироки гурӯҳҳои гуногуни лимфоситҳо ба амал меояд. Барои ташаккули подтанҳо В-лимфоситҳо, барои канда шудани трансплантат Т.-лимфоситҳо масъуланд. Онҳо бо роҳи табдили гуногуни ҳуҷайраҳои бунёдии мағзи устухон ҳосил мешаванд. Ҳуҷайраи бунёдӣ баъди ба тимус гузаштан, зери таъсири гормонҳои он аввал ба тимосит, сипас ба сипурз ё гиреҳҳои лимфавӣ ворид шуда, ба Т.-лимфосити фаъол табдил меёбад. Табдили ҳуҷайраи бунёдӣ ба В-лимфосит, эҳтимол, дар мағзи устухон сурат гирад.
В-лимфоситҳо подтан – сафедаҳои махсус (иммуноглобулинҳо) ҳосил мекунанд, ки қодир аст ангезандаи бемориҳои сироятӣ ва заҳри онҳоро безарар гардонад. Панҷ гурӯҳи подтанҳо маълуманд: иммуноглобулинҳои M, G, A, E ва D. Ҷавобан ба антиген аввал иммуноглобулини М (вазни молекулавиаш хеле калон аст) ҳосил мешавад. Сипас иммуноглобулинҳои G, ки бактерия ва заҳри онҳоро безарар мегардонанд, ба вуҷуд меоянд. Дар усораи луобпардаи рӯда, оби даҳон ва диг. моеъҳои организм миқдори зиёди иммуноглобулини А ғун мешавад. Он барои аз берун ба организм ворид шудани микроорганизмҳо монеаи аввалин аст.
Вале барои он ки дар организм миқдори кофии подтанҳо ғун шуда, антигенҳои бегона (ҳуҷайраҳои бегона, вирусҳо, бактерияҳо, заҳрҳо)-ро маҳв созанд, вақт лозим аст. Муддате, ки аз дохил шудани антиген то ғун гаштани подтанҳо ё Т.-лимфоситҳои фаъол сипарӣ мешавад, давраи ниҳонӣ ном дорад. Маҳз дар ҳамин давра тағйироти асосие, ки инкишофи бемайлони таасури иммунитетро таъмин менамояд, ба вуҷуд меояд. Ин, дар навбати аввал, маҷмӯи таассури В- ва Т- лимфоситҳо ба антиген аст. Барои он ки ҳуҷайраҳо ба антиген мутаассир шаванд, онҳо бояд онро «донанд», барои организм бегона буданашонро «фаҳманд». Дар сатҳи Т- ва В- лимфоситҳо ташкилаҳои махсусе вуҷуд доранд, ки бо антигенҳо таъсири мутақобила менамоянд. Инҳо ба ном ретсепторҳои антигеншинос мебошанд. В-лимфосит аз антиген хабари махсус ва аз Т-лимфосит (ёрдамчӣ дар подтанофарӣ) хабари номахсус гирифта, меафзояд ва ба ҳуҷайраи плазмавие табдил меёбад, ки он фаъолона подтан ҳосил мекунад. Подтанҳо (ба ном иммуноглобулинҳои махсус), ки ба воситаи ҳуҷайраҳои плазмавӣ ба ҷараёни хун роҳ меёбанд, дар натиҷаи ҳосил шудани маҷмӯи антиген-подтан антигенҳоро безарар мегардонанд. Минбаъд зери таъсироти гуногуни номахсус ин маҷмӯъ вайрон ва аз организм хориҷ мешавад.
Дар баъзе мавридҳо Т-лимфоситҳо ба ташаккули подтан монеъ мешаванд ё ҳолати тобоварӣ ба антигенро таъмин месозанд. Чунин Т-ҳуҷайраҳое, ки ба инкишофи иммунитет халал мерасонанд, Т-супрессорҳо ном доранд. Ҳамин тавр, даври комили таассури масунии хилтӣ (ҳуморавӣ) ба амал меояд.
Т-лимфосит (иштирокчии шакли таассури ҳуҷайравӣ) маводи бегона (мас., узв ё бофтаи пайвандшуда)-ро шинохта, зуд меафзояд ва ба ҳуҷайраи болиғи фаъол (Т-лимфосити ҳассос) мубаддал мегардад. Баъзан барои ҳосил шудани чунин Т-лимфосит ёрии Т-лимфосити на чандон болиғ зарур аст. Т-лимфосити ҳассосгашта ҳуҷайраи бегонаро ҳангоми бевосита дар тамос будан, нобуд месозад, бинобар ин онро «қотил» (ҳуҷайра-киллер) меноманд.
Солҳои охир боз 2 навъ (субпопулятсия)-и дигари Т-лимфоситҳо ошкор карда шуд: Т-неруфизоҳо (амплифайерҳо), ки фаъолияти онҳо ба тақвияти кори Т-лимфоситҳои ҳассосгашта равона шудааст ва Т-лимфоситҳои фарқкунанда, ки бо ҳуҷайраҳои бунёдии хунофар таъсир расонда, боиси тахсис (дифференсировка)-и онҳо мешаванд. Дар байни В-ҳуҷайраҳо низ лимфоситҳои хосияташон супрессорӣ (В-супрессорҳо) ва В-ёрдамчиҳои тақвиятбахши аксуламали иммунитети ҳуҷайравӣ ошкор шудаанд.
Ғайр аз ҳуҷайра-эффекторҳои махсуси силсилаи масунӣ (Т- ва В-лимфоситҳо) ҳуҷайраҳои лимфоидие мавҷуданд, ки ба ҳадаф-ҳуҷайраҳои гуногун, аз ҷумла ҳуҷайраҳои омософар, таъсири маҳвзсозанда мерасонанд. Чунин ҳуҷайраҳо ба Т- ва В-лимфоситҳои хос мансуб нестанд ва барои фаъолият сенсибилизатсияи қаблиро наметалабанд. Ба онҳо K- ва NK-ҳуҷайраҳо (киллерҳои табиӣ) дохил мешаванд. К-лимфоситҳо бидуни ширкати комплемент боиси лизис (ҳалшави)-и ҳадаф-ҳуҷайраҳои бо подтанҳои махсус фарогирифта мегарданд; NK-ҳуҷайраҳо, сарфи назар аз подтанҳо ва комплемент, ҳалкунандаи ҳадаф-ҳуҷайраҳо мебошанд. Феълан онҳо ҳуҷайраҳои асосии зидди омос маҳсуб мешаванд. Ҳуҷайра-киллерҳои табиӣ ва ҳуҷайраҳои лимфоидие, ки ҳадаф-ҳуҷайраҳои подтанҳо фарогирифтаро ҳал мекунанд, қисмати муҳими силсилаи назорати иммунологӣ мебошанд. Ҳар як ҳуҷайраи бегона ё ҳуҷайраи тағйирёфтаи худӣ дучори ҳамлаи фаврии ҳуҷайра-киллерҳои табиӣ мешавад. Ҳамзамон механизмҳое, ки ба ҳосил гаштани подтанҳо ва ташаккули Т-лимфоситҳои ҳассос равона гаштаанд, ба кор медароянд.
Ин тарҳи умумии фаъолияти силсилаи иммунӣ аст. Вале дар даруни тарҳ бисёр ҷузъу қисматҳое мавҷуданд, ки аҳамияти онҳо камтар аз самти асосӣ нест. Баҳри дарк намудани механизмҳои нозуки фаъолияти силсилаи масунӣ иммуногенетика саҳми арзанда гузошт.
Антигенҳо ва фардият
вироишОлами антигенҳо гуногун аст. Инҳо ҳам бактерия, ҳам вирус, ҳам занбӯруғ, ҳам риккетсия, ҳам узву бофтаҳои аз як фард ба дигараш пайвандшуда, инчунин ҳуҷайраҳои саратонии худи организм мебошанд, ки хусусияти антигенӣ гирифтаанд. Ҳамин тавр, ба антигенҳо ҳамаи он пайвастҳое, ки хоси организм нестанд, ҳамаи он чизҳое, ки дорои аломатҳои ҷисман бегонаи генетикӣ мебошанд, мансубият доранд. Организм низ аз маводи бегона мутаассир мешавад. Аз рӯи аксуламали организм мо метавонем бигӯем, ки моддаи мазкур барои вай антигенист ё на.
Дар охири садаи 19 корманди иммунитет Иммунитет Мечников Ж. Борде муқаррар намуд, ки нафақат бактерияҳо, балки ҳуҷайраҳои бегонаи муқаррарӣ (эритроситҳо) низ барои организм антиген маҳсуб мешаванд. Ёрдамчии дигари иммунитет Иммунитет Мечников Ф. Я. Чистович хосияти антигенӣ доштани сафедаҳои зардоби хунро ошкор кард. Муҳаққиқи америкоӣ Г. Наттол муқаррар намуд, ки дараҷаи монандии антигени навъҳои гуногуни ҳайвонот бо таснифоти зоологии онҳо қатъиян мувофиқ аст. Вале намояндагони худи ҳамон як навъ низ аз ҳамдигар бо хосияти антигенӣ тафовут доранд. Чунин тафовутро «изоантигенӣ» номиданд. Тафовути дохили навъ аз рӯи антигени эритроситҳо махсусан дар одам хуб омӯхта шудааст (ниг. Гурӯҳҳои хун).
Иммунитети трансплантатсиявӣ
вироишАз сабаби таҳияи масъалаи пайванди узву бофтаҳо мафҳуми фардияти антигенӣ пеш омад. Муддати мадид (то соли 1945) олимон ақида доштанд, ки бебарории пайванди узву бофтаҳо ба номукаммалии усулҳои ҷарроҳӣ вобаста аст. С. 1945 олими англис П. Медавар исбот кард, ки сабаби ҷудо шудан (кӯчидан)-и трансплантат тафовути ирсан устувори фардӣ буда, механизми асосии он ба иммунитет вобаста аст. Ҷавобан ба антигенҳои бегонае, ки бофтаи пайвандгашта дорад, подтан ва Т-лимфоситҳои ҳассос ба вуҷуд меоянд. Муайян кардани табиати иммунии кӯчиш олимонро ба фарқи он чиз водор намуд, ки кадоме аз антигенҳои бофта ё узви бегона дар рушди ихтилофи иммунологӣ фаъолияти бештар доранд. Чунин антигенҳо ёфт шуданд. Онҳо ба истилоҳ антигенҳои мувофиқати бофтавӣ мебошанд. Чунин антигенҳо дар одам бештар аз 30 адад буда, дар силсилаи HLA (ба англисӣ Human Leucocyte Antigenes – антигени лейкоситии одам) муттаҳид гаштаанд.
Бештар аз 30 варианти антигении силсилаи HLA садҳо тавсияи фардиро таъмин менамоянд. Ин антигенҳо якҷоя бо антигенҳои эритроситҳо ва зардоби хун фардияти ҳар як шахсро муайян месозанд. Узв ё бофтае, ки аз як шахс ба шахси дигар пайванд карда шудааст, бинобар номувофиқатии ирсии антигенҳо ҷудо мешавад. Аз ин рӯ дар назди иммунологҳо масъалаи бартараф намудани монеаи фардӣ ба миён омад.
Самараи ҷарроҳӣ ҳангоми трансплантатсия ба интихоби донор (организме, ки аз он узв ё бофтаро мегиранд) ва ресипиент (организме, ки ба он узв ё бофтаро мепайванданд) аз рӯи силсилаи HLA вобаста аст. Ҳар қадар ки онҳо аз рӯи силсилаи HLA бо ҳам мувофиқ бошанд, аксуламали кӯчиш ҳамон андоза суст ва бартарф намуданаш осон мегардад. Мутаассифона, ҳатто мутобиқати пурра аз рӯи силсилаи HLA низ маънои айнияти фардҳоро надорад, чунки дар ин ҳол мумкин аст антигени дигар (мас., антигенҳои гурӯҳи хун) тафовут дошта бошад. Дар ин ҳол кӯчидан батадриҷ, вале ҳатман ба амал меояд.
Азбаски ба узви пайваста асосан лимфоситҳои ҳассос (трансплантатро вайрон ва беҷо мекунанд) равона мегарданд, дарёфти маводе зарур буд, ки инкишофи аксуламалро боздорад. Иммунологҳо ба озмоиши усулҳое машғул шуданд, ки фаъолияти лимфоситҳоро халалдор ё суст мекунанд. Нурҳои рентген ва баъзе иммунодепрессантҳо (моддаҳое, ки қобилияти аксуламали иммунологиро бозмедоранд) боиси мавти лимфоситҳо ва дарозии умри узви пайвандӣ мегарданд. Зардоби зиддилимфоситӣ низ иммунодепрессант аст. Онро аз ҳайвонот (харгӯш, асп, хар) баъди иммунизатсия бо лимфоситҳои одам ба даст меоранд. Чунин зардоб лимфоситҳоро вайрон мекунад.
Вале чунин тарзи таъсир хеле дурушт аст. Он аксуламали лимфоситҳоро зидди узви пайвандӣ суст намуда, дар айни ҳол иммунитетро фурӯ менишонад. Беморе, ки аз марг бинобар пайванди дил ё гурда наҷот ёфтааст, мумкин аст аз сирояти вирусу бактерияҳо ҳалок гардад.
Олимон аз паи посухи чунин саволҳо шуданд: оё усули камосеби фурӯ нишондани ҳуҷуми иммунологӣ вуҷуд надорад, оё мумкин нест, ки иммунитет фақат антигенҳои узви пайвандиро фурӯ нишонида, ба дигар маводи антигенӣ кор нагирад. Ин масъалаи хеле мураккаб аст. Ҳалли он чунин маъно хоҳад дошт, ки муҳаққиқон дараҷаи олии идораи аксуламали иммуниро омӯхта, аз уҳдаи маҳв сохтани фақат он лимфоситҳое баромаданд, ки онҳо зидди гурӯҳи хурди антигенҳои узви пайвандӣ фаъоланд, аммо лимфоситҳоеро, ки ба муқобили ҳазорҳо маводи антигении дигар нигаронида шудаанд, ба ҳоли худ гузоштаанд.
Соли 1953 таърихи муҳиме дар иммунология аст, зеро муҳаққиқон ҳодисаи акси иммунитетро кашф карданд. Ҳар як навигарии генетикӣ дар организм аксуламали иммуниро ба вуҷуд меорад. Иммунитет посбони фардияти композитсияи ягонаи генетикии ҳар одам мебошад. Ҳамин тавр тағйир додани қонуни асосии табиат – масунияти шахсият имконпазир гашт. Маълум шуд, ки иммунитети хосса хилоф (антипод)-и худро дорад (яъне ноҳассосии хосса). П. Медавар ин ҳодисаро толерантӣ – таҳаммулпазирии як фарди ягона ба антигенҳои дигар номид.
Соли 1953 мақолаҳои олими чех М. Гашек ва англис П. Медавар чоп шуданд. Онҳо дар мурғу мушҳо пажӯҳиш гузаронда муайян намуданд, ки ба давраи аввали инкишофи ҷанин ворид сохтани антигени бегона боиси дар ҷонварон инкишоф ёфтани таҳаммулпазирии иммунологӣ нисбат ба антигени таҷрибавӣ мегардад. Адами аксуламал қатъиян ба таври хоса аст, чунки ҳайвоноти таҷрибавӣ ва антигенҳое, ки ба ҷанин дохил накардаанд, аксуламали муқаррарӣ зоҳир менамуданд. Аҳамияти ин таҷрибаҳо калон буда, онҳо ҳангоми трансплантатсия роҳи фурӯнишонии хосаи аксуламали иммуниро нишон медиҳанд.
Генҳои ҷавоби иммунӣ ва ваксинатсия
вироишДар байни дастовардҳои иммунологияи муосир кашфи генҳои ҷавоби иммуниро, ки Ir-генҳо (Immune Response – генҳо) номида шуданд, бояд қайд кард. С. 1936 зану шавҳари лаҳистонӣ С. ва А. Клечновскийҳо мушоҳидаи худро дар бораи ирсӣ будани қувваи ҷавоби иммунӣ дар харгӯшҳо интишор намуданд. Онҳо исбот карданд, ки қобилияти организм ба ҷавоби зӯр ё сусти иммунӣ ба таври ирсӣ муайян карда шудааст.
Бештар аз 20 гени ҷавоби иммунӣ маълум аст. Миқдори зиёди онҳо оид ба амалӣ гардондани аксуламали фардии организм ба антиген ахбор мебарад. Ин фаъолияти хеле муҳим буда, ба дарёфти масъалаи моякӯбии фардӣ имкон медиҳад.
Вазнинии бемориҳои сироятӣ аксар вақт ба сабаби фаъолии як-ду ҷузъи ангезанда аст. Бо мақсади пешгирии беморӣ иммунитет ба ин ангезанда бо роҳи тазриқи мояҳое, ки аз ҳуҷайраи бактерияҳо ё вирусҳо иборатанд, ҳосил карда мешавад. Дар натиҷа, ғайр аз ба вуҷуд овардани иммунитет нисбати таъсири ангезанда, аз ҳисоби маводи иловагие, ки дар инкишофи беморӣ иштирок намекунанд, заминаи муҳофизати нолозими иммунӣ пайдо мегардад.
Дар иммунология усулҳои таҷрибавии ҳосил кардани мояҳои орӣ аз камбудиҳои мазкур дарёфт шудааст. Пеш аз ҳама бояд муқаррар сохт, ки кадом қисми бемориҳои ангезанда қодир аст ҷавоби иммунии муҳофизатиро ба вуҷуд оварад ва ангезандаро бетаъсир гардонад. Вақте ки қобилияти аксуламали иммуниро ангехтани кадом детерминантҳои антигении ангезандаҳои гуногун маълум мегардад ва ҳангоме ки ин моддаҳо аз ҷиҳати химиявӣ холис ба даст оварда мешаванд, ба истеҳсоли мояҳои сунъӣ шурӯъ намудан мумкин аст. Ба молекулаи сунъие, ки ягон хел фаъолияти иммунӣ надорад, ба роҳи химиявӣ детерминантҳои ангезандаҳои гуногунро пайвастан мумкин аст. Поливаксинаҳои сунъӣ дарҳол нисбати бисёр бемориҳои сироятӣ – хуноқ, сурхча, полиомиелит, сил ва ғ. Иммунитет ба вуҷуд меоваранд.
Тарафи дуюми моягузаронӣ бо таассури фардии ҳар шахс ба антиген алоқаманд аст. Таассури иммунологӣ мушаххас мебошад: ба як антиген – як, ба дигараш – дигар, ба сеюмаш – сеюм. Ҷавоб ба ҳар яки ин антигенҳоро гени дахлдор назорат мекунад. Аз ин бармеояд, ки ба одам низ бо дарназардошти генҳои ҷавоби иммунии ӯ моя гузаронидан лозим аст. Ин дар амал бояд чӣ гуна сурат гирад?
Пеш аз тазриқи антиген (моя) аз шахсе, ки ба ӯ моя мегузаронанд, хун гирифта, аз хун лейкоситҳоро ҷудо мекунанд. Минбаъд бо истифодаи яке аз озмоишҳои иммунологӣ аксуламали иммунии фардро нисбати ҳамин моя муқаррар менамоянд. Агар аксуламал дар пробирка пурзӯр бошад, пас мояи истифодашуда дар организм низ аксуламали пурзӯрро ба вуҷуд меорад. Ба чунин бемор меъёри ками мояро мегузаронанд. Агар аксуламал дар пробирка суст бошад, духтур аз рӯи нақшаи пурра ба амал баровардани моягузарониро тавсия медиҳад. Ин тарзи ваксинатсияи фардӣ ҳангоми тайёр кардани поливаксинаҳои синтезӣ ҳам бояд маҳфуз дошта шавад.
Ҳамин тавр, таҳлили генетикии ҷавоби иммунӣ, ки зоҳиран масъалаи сирф назарист, ҳатто аз имрӯз сар карда роҳи дар оянда ба вуҷуд овардану кор фармудани мояҳои навро пешбинӣ намудааст.
Муайян кардани далели мавҷудияти фардҳои қобилияти аксуламалашон нисбат ба баъзе антигенҳо суст, зарурати дарёфти роҳу воситаҳои нави ҳалли масъалаи моягузарониро муқаррар намуд. Тарзи ҷадиди дарёфти иммуногенҳои сунъӣ ба истеҳсоли мояҳои наве имкон медиҳад, ки бар зидди бемориҳои сироятии мавҷуда нигаронида шудаанд ва аксуламали организмро ба ҳамин антигенҳо меафзоянд. Тавре ки маълум аст, организм бар зидди омоси рушдёбанда аксуламали босамари иммунӣ зоҳир карда наметавонад. Шояд, пайванди антигенҳои саратон бо макромолекулаҳои муҳаррики иммунологӣ барои истеҳсоли мояи зидди саратон имкон диҳад.
Иммунитети зидди саратон.
вироишСаратон аз ҷумлаи бемориҳои вазнин буда, аксар вақт фоҷиавӣ анҷом мепазирад. Умеди духтурони омосшинос имрӯз ба иммунология нигаронида шудааст.
Тахмин мекунанд, ки саратон бемории дастгоҳи ирсии ҳуҷайра аст. Иллати дастгоҳи ирсии ҳуҷайраро аз рӯи пайдоиши антигенҳои нави қаблан номаълум муайян мекунанд. Худи далели пайдоиши антигенҳои саратонӣ маънои ба фаъолият пардохтани тариқи иммунии ихтилоли омосҳои саратонро дорад. Чунин мулоҳизаи умумӣ аз исботи комилан асосноки клиникӣ бархурдор аст. Бо гузашти синну сол омосҳои саратонӣ бинобар суст гаштани самараи силсилаи масунӣ меафзоянд. Истифодаи иммунодепрессантҳои гуногун (моддаҳои доруӣ, зардоби антилимфоситӣ, нурҳои рентген) дар бемороне, ки гурдаашон иваз карда шудааст, боиси якбора афзудани омосҳои бадфарҷом мегардад.
Муоинаи беморони масунияташон заиф тасдиқи бевоситаи мақоми иммунитет дар инкишофи омосҳои саратонӣ мебошад. Кӯдакони гирифтори нуқси модарзоди иммунитет нисбат ба кӯдакони солим ҳазорҳо маротиба зиёдтар дучори саратон мешаванд. Саратон дар беморон махсусан ҳангоми иллати Т-силсила ё ҳамзамон иллати Т- ва В-силсилаи масуният пайдо мегардад.
Ин муоинаи клиникиро маълумоти зиёди амалие, ки ҳангоми кор бо ҳайвоноти лабораторӣ ба даст омадаанд, тасдиқ мекунад. Аз таҷрибаҳо муайян гашт, ки ба кӯчидани омос (чун дар мавриди кӯчидани узв ё бофтаи бегона) иммунитети ҳуҷайравӣ, яъне Т-силсилаи муҳофизати иммунӣ ҷавобгар аст. Дар ин маврид таҷрибаҳо бо таҷдиди таъсири вайронсозандаи лимфоситҳо берун аз организм қобили қайд аст. Аз мушҳое, ки бо яке аз шаклҳои саратон сироятнок карда шудаанд, Т-лимфоситҳоро ҷудо мекунанд. Сипас чунин лимфоситҳоро ба пробирка, ки ҳуҷайраи саратонӣ дорад, меандозанд. Баъди гузаштани муҳлати муайян зери микроскоп фавти умумии ҳуҷайраҳои саратонро мушоҳида намудан мумкин аст.
Ҳамин тавр, организм дар мубориза бо омосҳои саратонӣ воситаи босамари таъсирбахшеро дорад, ки онро иммунитет меноманд.
Вале бо вуҷуди ин саратон вуҷуд дорад ва омӯзиши суботкоронаи роҳҳои нест кардани он ногузир аст. Саволи аввале, ки духтурони омосшинос назди худ гузоштаанд, чунин аст: чаро муҳофизати иммунӣ ҳамеша натиҷаи дилхоҳ намедиҳад? Сабабҳо, зоҳиран, бисёранд. Якум, суст будани худи муҳофизат, ки ба синну сол ё гаронии ирсӣ вобастагӣ дорад. Дуюм, антигенҳои саратонӣ, ки ҷавоби иммунӣ дар онҳо ташаккул меёбад, ниҳоят сустанд ва бинобар ин наметавонанд аксуламали пурқуввати иммуни (муҳофизати)-ро ба вуҷуд оваранд; ақидаи иммунологҳо дар ин бобат заъфи масуниятофарии антигенҳо аст. Сеюм, суръати сабзиши омоси саратонӣ метавонад ба дараҷае бошад, ки Т-лимфосит-киллерҳо аз уҳдаи пурра маҳв кардани онҳо намебароянд. Сабаби асосии пайдоиши омоси саратонӣ чизе, ки набошад, дар ҳама ҳолат як чиз возеҳу рӯшан аст: ба силсилаи иммунӣ ёрӣ расондан лозим.
Чанд тарзи таҳрики ҷавоби иммуниро дарёфтаанд, ки мавриди истифода қарор дорад. Онҳо адъювантҳо ном дошта, фаъолияти силсилаи иммуниро ба таври ғайримахсус метезонанд. Фитогемаглютинин (ФГА), ваксинаи зидди бемории сил (БСЖ) ва дигар ангезаҳои ташаккули пурраи Т- ва В-лимфоситҳо аз ҳамин қабиланд.
Инчунин усулҳои махсуси таҳрики лимфоситҳо бо антигенҳои гуногуни қисми таркибии омос таҳия мегарданд. Олимон кӯшиш доранд, ки барои табобати омосҳо аз гормонҳо ва медиаторҳои силсилаи иммунӣ, аз ҷумла тимозин (гормони ғадуди ҷоғар) ва интерлейкин истифода баранд.
Бемориҳои силсилаи иммунитет
вироишЧун ҳар як силсилаи дигари организм, маҷмӯи иммунӣ таърихи пайдоиш ва таҳаввул, ҷараёни инкишофи ҷанинӣ, роҳи ташаккул, давраи фаъолияти тезу тунд ва ниҳоят давраи пирии худро дорад. Дар ин маврид силсилаи иммунӣ мисли ҳар силсилаи диг. ба бемориҳо гирифтор мешавад. Нуқси модарзоди иммунитет (ба истилоҳ бемориҳои норасоии масунӣ) иллати шадиде мебошад, ки аз насл ба насл гузашта, дар давраи аввали рушди кӯдак зоҳир мегардад. Кӯдак дар ҳафтаҳои аввали ҳаёт, то вақте ки дар хун подтанҳои ба воситаи ҳамроҳак ё аз шири модар гирифтааш давр мезананд, комилан солим менамояд. Вале ин нуқси нуҳуфта зуд зоҳир мегардад. Амрози гуногун – газаки шуш, гайморит, газаки гӯш сар мешаванд. Кӯдак заиф гашта, суст месабзад, аксар вақт роҳ гашта наметавонад, ақлаш расо нест. То кашф ва истифода шудани антибиотикҳо ихтилоли норасоии масунӣ боиси марги кӯдак аз амрози бактериявӣ дар соли якуми ҳаёт мегашт.
Вобаста ба он ки кадом гурӯҳи силсилаи масунӣ аз кор баромадааст, амрози норасоии иммуниро ба чанд намуд тақсим мекунанд. Дар баъзе мавридҳо фақат синтези иммуноглобулинҳо халал меёбад, яъне нуқсон фақат ба В-лимфоситҳо (пешгузаштагони ҳуҷайраҳои подтанҳо) тааллуқ дорад. Дар ҳолатҳои дигар Т-лимфоситҳо ҳам зарар мебинанд. Дар натиҷа таассури ҳуҷайра барҳам мехӯрад. Ба он антигенҳое, ки синтези махсуси подтанҳоро ба тавассути Т-лимфоситҳо ба вуҷуд меоваранд, ҷавоби хилтии иммунӣ норавшан ифода хоҳад ёфт. Шакли нисбатан вазнини норасоии иммунӣ бо иллати ҳуҷайраҳои бунёдии хунофар вобаста аст. Дар ин сурат заъфи пурраи силсилаи хунофар ва лимфоидӣ рух намуда, бо марги бемор анҷом мепазирад.
Оё табобати норасоии иммунӣ имконпазир аст?
вироишТиб ҳаёти мӯътадил ва инкишофи кӯдакони ба ин беморӣ гирифторро таъмин ва хатои фоҷиаангези табиатро ислоҳ карда метавонад? Ҳангоми норасоии В-силсилаи иммунитет, ки ба сустӣ ё умуман вуҷуд надоштани қобилияти синтези иммуноглобулинҳо зоҳир мегардад, табобат аз рафъ кардани норасоии иммуноглобулинҳо ё бартараф намудани норасоии В-лимфоситҳо иборат аст. Роҳи аввали муолиҷа ба беморон мунтазам гузаронидани иммуноглобулинҳое мебошад, ки аз одамони солим гирифта шудаанд. Чунин табобат пурсамар буда, коршоямии беморонро таъмин мекунад, онҳо то синни балоғат мезиянд. Роҳи дуюм тазриқи В-лимфоситҳо ба организм аз бофтаи донорҳо аст. Азбаски манбаи асосии ин навъи ҳуҷайраҳо мағзи устухон мебошад, пас сухан дар бораи пайванд кардани он меравад.
Табобати норасоии иммунӣ, ки Т-силсиларо дарбар мегирад, фақат бо роҳи пайванди Т-ҳуҷайраҳо ё тимус мумкин аст.
Пайванд кардани ҳуҷайраҳои иммунокомпетентӣ (ҳуҷайраҳое, ки аз уҳдаи аксуламали иммунитет мебароянд) алҳол ягона тарзи бартараф намудани сабаби норасоии масунӣ мебошад. Вазифаи он бо қисми мӯътадил иваз кардани қисми ноқиси силсилаи иммунӣ аст. Инчунин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки норасоии иммуниро бо гормону медиаторҳои дар узвҳои марказии иммунитет ҳосилшаванда – тимозин ва медиатори мағзи устухон (ангезаи ҷисмҳои ҳосилкунандаи подтанҳо) табобат намоянд.
Дигар ҷиҳати масъалаи амрози норасоии иммунӣ ба онкология алоқаманд аст. Табиат баҳри омӯзиши вазифаи иммунитет дар кори инкишофи омосҳои саратонӣ ба дасти муҳаққиқон намунаи таассуфангез, вале бенуқсонро додааст. Тавре ки қайд карда шуд, бемории саратон дар кӯдакони силсилаи иммуниашон ноқис нисбат ба кӯдакони солим бештар пайдо мешавад. Сабаби хавф – набудани силсилаи пурсамари назорат ва мубориза бо омосҳои саратонофар аст.
Таҷовузи иммунӣ (аутоиммунитет)
вироишАз кибернетика бармеояд, ки ҳар силсилаи худтанзим аз монеаи дар дохили худи силсила пайдошуда озод нест. Шавқуни кибернетикӣ ҷараёни ахбори идеалиро аз сигнал то қабулкунак вайрон месозад. Силсилаи иммунӣ ҳамчун силсилаи мураккаб ва худтанзими организм шавқун дорад, ки кори бонизоми онро халалдор мекунад. Гоҳо силсилаи иммунии организм қобилияти алайҳи маводи бегона мубориза бурданро аз даст дода, ба таҳияи подтанҳо ва лимфоситҳои зидди антигенҳои худ шурӯъ менамояд. Чунин ҳолати таҷовуз, ки ба ҷузъҳои мӯътадили бадан нигаронида шудааст, «аутоиммунитет» ном дорад.
Аз ҷиҳати назарӣ подтанҳо қодиранд зидди ҳар кадом антигенҳои худӣ пайдо шаванд. Бинобар ин осеб метавонад мураккаб бошад (яъне ҳуҷайраҳо, бофтаҳо ва узвҳои бисёрро фаро гирад) ё фақат ҷузъӣ буда, ба ҳуҷайраю бофтаҳои ҷудогона зиён расонад. Осеби вазнинтарин эритематоз аст. Ҳангоми ин беморӣ подтанҳо пеш аз ҳама зидди маводи ирсии ҳуҷайра – кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) ё маҷмӯи КДН бо сафеда нигаронида шудаанд. Дар натиҷа сари ҳар чанд вақт баланд шудани ҳарорати бадан, дамидани доначаҳо дар пӯст, осеби гурда, дил, пӯст, бофтаи пайвандӣ, рагҳои хун, ихтилоли умумии ҳуҷайра ба мушоҳида мерасад. Мисоли дигар артрити тарбодмонанд аст. Ҳангоми ин беморӣ дар организм ҳолати ғайриодӣ (парадокс) ба амал меояд: иммуноглобулини як гурӯҳ (М) зидди иммуноглобулини гурӯҳи дигар (G) амал мекунад. Варам кардану газак гирифтани банду буғум, иллати гурда, мушаки дил ва рагҳои хун зуҳуроти хоси он мебошанд. Ҷоғари Хасимото бемории аутоиммунӣ буда, ҳангоми он ғадуди сипаршакл иллат меёбад. Антигене, ки зидди он аутоподтанҳо ҳосил мешаванд, гормони сафедаи ғадуди сипаршакл – тиреоглобулин аст. Таҷовузи иммунӣ зидди ин сафеда боиси калон гаштани ғадуди сипаршакл, вайрон ва ба лимфоситҳою ҳуҷайраҳои плазмавӣ, ки ба муқобили гормон подтанҳо ҳосил мекунанд, иваз шудани бофтаҳои он мегардад.
Дар сурати таҷовузи аутоиммунӣ сабаби асосии беморӣ номаълум мемонад. Вале ба духтури таҷрибадор як чиз маълум аст: аз организм дур кардани он лимфоситҳое, ки аутоподтанҳо ҳосил мекунанд. Бо ин мақсад табобати химиявӣ таъйин карда мешавад. Истифодаи моддаҳое, ки лимфоситҳоро вайрон мекунанд, ҷараёни бемории асосиро қадре суст намуда, баҳри беҳтар шудани аҳволи бемор ёрӣ мерасонанд.
Ҳангоми эритематоз ва артрити тарбодмонанд комплексҳои иммунӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии осебовар маҳсуб меёбанд. Бинобар ин солҳои охир ин бемориҳо ба амрози комплексҳои иммунӣ дохил карда мешаванд. Подтанҳо бо антиген комплекс ҳосил карда, комплементро ҳам пайваст мекунанд. Дар шароити муайян ин комплекс, яъне антиген – подтан – комплемент дар бофтаҳо таҳшин шуда, боиси иллати онҳо мегардад. Барои табобати чунин беморӣ подтанҳо ва комплексҳои иммуниро бо роҳи гемосорбсия дур месозанд.
Гибридомаҳо ва подтанҳои моноклонӣ
вироишИмкониятҳои нав дар ташхиси иммунӣ ва табобати бемориҳое, ки бо иллати силсилаи иммунӣ вобастаанд, соли 1975 баъди таҳияи тариқи гибридомии синтези подтанҳои моноклонӣ пайдо шуд. Тарзи ҳосил кардани гибридҳои ҳуҷайрави (гибридомаҳо)-ро аз омезиши лимфоситҳои муқаррарии ҳайвоноти масуниятдор бо ҳуҷайраҳои штаммҳои миеломави (ҳуҷайраҳои саратон)-и дар муҳити ғизоӣ парваришкарда дарёфт намуданд. Ҳуҷайраҳои гибридомӣ омезиш ёфта, аз лимфосит қобилияти ҳосил кардани подтанҳои муайян ва аз ҳуҷайраҳои миеломавӣ бошад, қобилияти муттасил афзоиш ёфтанро соҳиб мешаванд. Подтанҳои аз як калон (насли як ҷонвар, ки ҳангоми афзоиши ғайриҷинсӣ пайдо мешавад) пайдошуда параметрҳои монанд доранд (аз рӯи гурӯҳи молекулаҳо, навъ ва хусусияти онҳо). Чунин подтанҳо фақат бо як антиген таъсири мутақобила менамоянд. Ҳамин тавр, маводи дар пробирка, шиша ё реактори ҳуҷайравӣ ҳосилкарда чун реагенти олӣ доруи беҳтарин барои ташхису табобат аст. Маҷмӯи реагентҳои махсусе, ки онҳоро ҳосил кардан имкон дорад, беҳудуд мебошад. Ин подтанҳо метавонанд ба муқобили сафедаҳои хун ва бофтаҳо, зидди антигенҳои махсуси узвҳо, ҳуҷайраҳои муқаррарӣ ва саратонӣ, зидди вирусҳо, бактерияҳо, як қатор пайвастҳои химиявӣ ва ғ. бошанд. Дар муддати чанд сол масъалаи омӯзиш ва истифодаи амалии гибридомаҳо хеле ривоҷ ёфт. Истифодаи подтанҳои моноклонӣ дар вирусология такон бахшид. Зидди вирусҳои грипп, парагрипп ва ҳорӣ подтанҳо ҳосил карда шуданд. Гибридомаҳо нафақат дар асоси В-лимфоситҳо (ба пайдоиши бофтаҳои синтези подтанҳои моноклонӣ замина мегузоранд), балки дар асоси Т-лимфоситҳо низ ба вуҷуд оварда мешаванд. Аллакай бофтаи Т-гибридома ба даст оварда шудааст, ки медиаторҳои муайянро ҳосил мекунанд; моноклонҳои гибридиро бо хосиятҳои Т-супрессорҳо, Т-хелперҳо ва Т-киллерҳо ҳосил намудаанд. Тахмин меравад, ки истифодаи техникаи гибридомӣ ба иммунология, биология ва тиб таъсири барҷаста мерасонад. Ҳамаи ин, албатта, умед мебахшад, вале барои дар амал татбиқ кардани натиҷаҳои тадқиқот корҳои зиёдро анҷом додан лозим аст.
Назорати иммунологӣ ва устувории биологӣ
вироишБарои дарки мақоми иммунитет ба чунин фаъолияти организм бо чашми биолог нигоҳ бояд кард. Ҷисми одами калонсол аз 1014 ҳуҷайра иборат аст, ки онҳо аз якдигар бо шакл, андоза ва вазифа (ниг. Ҳуҷайра) фарқ мекунанд. Чунончӣ, нейрон (ҳуҷайраи бофтаи асаб, ки шохаҳои дароз – аксонҳо дорад) ва ҳуҷайраи эпителияи рӯда (устувонашакл аст) ба якдигар монанд нестанд, ҳол он ки ба як организм мансуб буда, аз як ҳуҷайра – зигота ба вуҷуд омадаанд. Ҳуҷайраҳои пӯст сафоли бом, ҳуҷайраи лимфағуддаҳо донаи анор, ҳуҷайраҳои мағзи сар бо шохаҳояш алафи печакро ба ёд меоранд. Олимон ҳисоб кардаанд, ки дар одам на камтар аз 100 навъи ҳуҷайраҳо мавҷуданд, вале ҳамаи онҳо дар узву бофтаҳо муттаҳид шуда, як чизи том – организм мебошанд. Онҳо мураттаб ва қатъиян мувофиқи барномаи таҳиякардаи табиат кор мекунанд.
Маълум аст, ки ҳуҷайраҳои нав қариб дар ҳама бофтаҳои организм тавлид меёбанд. Дар ҳақиқат суръати тавлид дар ҳама ҷо як хел нест. Мас., давомоти умри ҳуҷайраҳои луобпардаи рӯдаи рости одам 24 соат, ҳуҷайраҳои пӯст 5 – 35 рӯз, ҳуҷайраҳои ҷигар 180 рӯз аст. Ҳуҷайраҳои мағзи сари одами калонсол тағйир намеёбанд. Онҳо «дарозумрон»-и организм мебошанд. Шумораи умумии ҳуҷайраҳое, ки дар давоми умри инсон дар организм мавҷуданд, рақами астрономӣ – қариб 1018-ро ташкил медиҳанд. Ин чунин маъно дорад, ки дар давоми ҳаёти одам насли ҳуҷайраҳо беш аз 20 000 маротиба иваз мешавад. Ин гуна суръати тавлиди ҳуҷайраҳои нав хусусияти хоси аксарияти мавҷудоти зинда мебошад. Табиат чунин махлуқи серҳуҷайраро ба вуҷуд овардааст, ки камолоти олии шакли ҳаёт дар муборизаи онҳо барои зиндагӣ муяссар гардад. Мураккабии таркиби ҳуҷайра натиҷаи таҳаввули ҳаёт дар рӯи Замин аст, ки натиҷаи олии он инсон мебошад.
Маънои асосии мавҷудияти ҳар фард, хоҳ он медуза бошад, хоҳ кирм ё инсон, аз худ боқӣ гузоштани насл аст. Барои ба ворисони худ вогузоштани ҳар он чӣ ки ҳаст (ба воситаи генҳо ва аломатҳое, ки онҳо назорат мекунанд) ба балоғати ҷинсӣ расидан, ба худ монандро таваллуд кардан ва наслро ба воя расондан зарур мебошад. Муваффақияти ҳамаи ин силсилаи ҳаводис, ки «ҳаёти биологӣ» ном дорад, ба камолоти организм вобаста аст. Роҳи ҳуҷайраҳои ҷинсӣ аз насл ба насл бояд бемонеа бошад. Ба ин ҳуҷайраҳо, ки хусусиятҳои фардро ҷамъ меоранд, «ҳаммол»-и боэътимод зарур аст. Чунин «ҳаммол» худи организм бо маҷмӯи мураккаби ҳуҷайраҳои ҷисмӣ мебошад (онҳо ба ҳуҷайраҳои ҷинсӣ мансубият надоранд). Барои он ки интиқол бомуваффақият сурат гирад, ба организм бояд халал ворид нашавад (ақаллан дар давраи таҷдид).
Агар организми серҳуҷайра аз зиддиятҳои дохилӣ эмин мебуд, беназир менамуд. Сабаби зиддиятҳои дохилӣ дар бисёр будани ҳуҷайраҳост. Ҷараёни ногузири тақсимшавии ҳуҷайраҳо хавф дорад. Барои он ки ҳуҷайра тақсим шавад, дучанд гаштани хромосомаҳои ядро зарур аст. Генҳои ҳар як хромосомаи муайян бояд пурра бозтавлид шаванд. Чунин бозтавлид дақиқии комилро металабад, то ки хосияти ҳуҷайраи пешина ба насл гузарад. Вале аз сабаби бисёрии генҳои ҳар як ҳуҷайра (қариб 1 млн) дучандшавии хато – мутатсия ба вуҷуд меояд. Халал ёфтани бозтавлиди дурусти генҳо зиддияти асосӣ дар организми серҳуҷайра мебошад. Носаҳеҳии бозтавлиди айнани генҳо ҳангоми тақсимшавии ҳуҷайра чӣ хатар дорад?
Ҳар рӯз дар организми одам қариб 1012 ҳуҷайра тақсим мешавад. Маълум аст, ки ба ҳар миллион ҳуҷайраи тақсимшавандаи ҷисм як ҳуҷайрае рост меояд, ки ба таври мутатсиявӣ тағйир меёбад. Аз ин таносуби басомади ихтилол бармеояд, ки дар организми одам ҳар рӯз 106 ҳуҷайраи мутантӣ пайдо мешавад. Агар дар муддати ҳаёт табдили 20 ҳазор насли ҳуҷайраро ба назар гирем, пас миқдори ҳуҷайраҳои тағйирёфта тақр. ба 2 млрд мерасад.
Як қисми ҳуҷайраҳои тағйирёфта мумкин аст саратонофар шаванд. Саратон ва бемориҳои иммунӣ, одатан, дар синни пирӣ, вақте ки синни биологи (на иҷтимои)-и одам ба ҳадди охирин мерасад, инкишоф меёбанд. Нерӯе, ки ҳуҷайраҳои мутантиро нест ва бо ҳамин барои анҷоми давраи биологӣ аз таваллуди як насл то насли дигар мусоидат мекунад, иммунитет мебошад.
Ғайр аз иммунитети хосае, ки томияти генетикии ҳуҷайраҳои ҳайвонот ва одамро назорат мекунад, нерӯи нисбатан ором, вале ба ҳамон андоза таъсирбахши муҳофизатӣ низ мавҷуданд. Ин ба истилоҳ ингибитсияи аллогенӣ ва тавассути лимфоситҳо фурӯнишонии ҳуҷайраҳои бунёдии аз ҷиҳати генетикӣ фарқкунанда мебошад. Моҳияти ингибитсияи аллогенӣ – инкишофу сабзиши бади ҳуҷайра ва бофтаҳо дар организми аз ҷиҳати генетикӣ мукаммал аст. Ҳуҷайраҳои мӯътадили ғайрилимфавӣ ба таври номаълум ҳуҷайраи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта (мутант)-ро «меёбанд». Дар натиҷа чунин ҳуҷайра дар иҳотаи ҳуҷайраҳои муқаррарӣ нобуд мегардад. Маълум аст, ки барои инкишофи омос ба ҳуҷайраи мутантӣ дар навбати аввал бартараф намудани ҳуҷайраҳои муқаррарӣ зарур аст.
Ҳодисаи бо лимфоситҳо нофаъол сохтани ҳуҷайраҳои бунёдии ғайрисингениро, ки аз ҷиҳати генетикӣ тафовут доранд, соли 1967 Р. В. Петров ва Л. С. Сеславина кашф намуданд. Таҷриба дар ҳуҷайраи мушҳои зоташон тоза гузаронида шуд. Дар натиҷаи ба ҳамдигар бархӯрдани ҳуҷайраҳои мушҳои гуногун маълум шуд, ки лимфоситҳои як зоти мушон ҳуҷайраҳои бунёдии хунофари зоти дигари онҳоро нобуд мекунанд. Пас, дар организм қувваҳое ҳастанд (лимфоситҳои муқаррарӣ), ки қодиранд ҳуҷайраҳои аз ҷиҳати генетикӣ фарқкунандаро дар худи ибтидои пайдоиш фурӯ нишонанд ва бо ҳамин ба ташаккули ҳуҷайраҳои тағйирёфта монеъ шаванд.
Инак, дар роҳи ҷараёни ҳуҷайраҳои мутантӣ монеаи пурзӯри сеқабата меистад: боздории аллегонӣ, нофаъолсозии ҳуҷайраҳои бунёдӣ, иммунитети хосса. Ба ҳуҷайраҳои мутантӣ бартараф намудани чунин монеа хеле душвор аст. Ҳуҷайраҳои саратонӣ ё лимфоситҳои аутоиммунӣ монеаро фақат ҳамон вақт бартараф карда метавонанд, ки системаи лимфоидӣ нотавон бошад. Бинобар ин, вазифаи тиб ба он ёрӣ расондан аст.
Адабиёт
вироиш- Галактионов В. Г. Эволюционная иммунология. — М.: Академкнига, 2005. — 408 с. — ISBN 5-94628-103-8.
- Хаитов Р. М. Иммунология. — М.: ГЕОТАР, 2006. — 320 с. — ISBN 978-5-9704-1288-6.
- Ярилин А. А. Иммунология. — М.: ГЕОТАР, 2010. — 737 с. — ISBN 978-5-9704-1319-7.
Сарчашма
вироиш- Энсиклопедияи мухтасари тиб. Ҷилди II. — Душанбе: СИЭМТ, 2011. — 512 с. — ISBN 978-99947-33-44-6.