Имом (истилоҳ)
Имом (истилоҳ) (ар. إمام - пешдаро) — пешво, пешрав, роҳбар.
1) роҳбари рӯҳонӣ дар дини ислом, мураббии мусулмонони гурӯҳ ё мазҳаби муайян;
2) сардори давлати теократии мусулмонӣ (халифа);
3) асосгузорони мазҳабҳои динии равияи суннӣ дар ислом;
4) пешвое, ки ба намозхонии мусулмонон дар масҷид роҳбарӣ мекунад.
Дар равияи шиъа имом сарвари олии диндорон ҳисоб меёбад ва принсипҳои асосии шиаро муайян мекунад. Дар исмоилия имом шахси муқаддаси соҳиби илми илоҳй эътироф шуда, муаллиму роҳбари мутлақи диндорон дониста мешавад. Алиилоҳиён, низориён ва дигар фирқаҳои шиа имомро чун авлиё мепарастанд.[1]
Донистаниҳо
вироишДар таърихи ислом Имоми Аъзам Абу Ҳанифа (арабӣ: الامام الاعظم) "Имоми Бузург" Нӯъмон бин Сабит Зута бин Моҳан(арабӣ: النعمان بن ثابت), машҳур бо номи Абу Ҳанифа, (арабӣ: أبو حنيفة) (699 — 767/ 80 — 148 ҳиҷрӣ) асосгузори мазҳаби Ҳанафӣ хидмати бузурге намудааст. Имрӯз аз байни аҳли (уммаи) ислом дар ҷаҳон, пайравони мазҳаби Ҳанафӣ аксариятро ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон мазҳаби Ҳанафӣ равияи асосии аҳли мусулмонони суннӣ мебошад.
Нигаред
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 176