Абумансур Аммора ибни Муҳаммади Марвазӣ (форсӣ: عماره مروزی‎; ? — байни солҳои 1004-14) — шоири номдори охири аҳди Сомонӣ ва аввали давраи Ғазнавӣ.

Имораи Марвазӣ
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ, махсусан «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ Аммораи Марвазӣ шоири маъруфу машҳури давр буда, дар Марв зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар китобҳои оид ба илми шеър, луғатҳо (мас. «Луғати фурс») аз осори Аммораи Марвазӣ абёту порчаҳо оварда шудаанд. То имрӯз 80 байт аз эҷодиёташ дастрас аст. Дар «Лубобу-л-албоб» пора аз марсияи дар фавти охирин намояндаи сулолаи Сомониён — Мунтасир гуфтаи Аммораи Марвазӣ сабт гардидааст. Аз ашъори Аммораи Марвазӣ бармеояд, ки ӯ дар тасвир, васфи табиат, сурудани ашъори ошиқона, васфи маю шароб, панду андарз додан, даъват ба ахлоқи ҳамида ва ғ. устод будааст.

Намунаи ашъор

вироиш

Абёти зерин аз ӯянд:

Шохи беди сабзгашта рӯзи бод
Чун яке масти навони сарнагун.
Лолабарги сабзпайкар бомдод
Чун сари шамшери олуда ба хун.
***
Он май ба дасти он бути симини ман нигар,
Гӯйӣ, ки офтоб бипайваст бо қамар.
В-он соғаре, ки соя биафканд май ба вай,
Барги гули сапед аст гӯйӣ ба лола бар.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Рӯдакӣ, Д., 2008.

Сарчашма

вироиш