Инкори инкор
Инкори инкор, яке аз қонунҳои асосии диалектика, ки дар раванди инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур зоҳир мешавад. Ин қонун бо дигар қонунҳои диалектика зич алоқаманд аст, вале хислатҳои фарқкунандаи худро дорад. Агар қонуни ягонагӣ ва муборизаи зидҳо манбаи инкишоф, қонуни гузаштани тағйироти миқдорӣ ба сифати механизми онро ошкор намоянд, қонуни Инкори инкор алоқамандии узвии раванди олами модӣ ва тафаккурро муайян намуда, роҳҳои ҳалли зиддияти ба онҳо хосро нишон медиҳад. Инкори инкор тамоюл, самт, суръат, шакл ва натиҷаи инкишофро муайян менамояд. Аз ин рӯ, вай тағйиротеро дар бар мегирад, ки дар он ҳаракат аз паст ба боло, аз сода ба мураккаб, аз куҳна ба нав, аз абстрактӣ ба конкретӣ ҷараён дорад.
Қонуни Инкори инкор аввалин бор дар системаи идеалистии Г. Гегел баён шудааст. Г. Гегел Инкори инкорр чун синтезе муайян мекард, ки вай аввалин «ҷиҳатҳои абстрактӣ ва ғайриҳақиқӣ», яъне ҷиҳатҳоеро, ки ба сабаби яктарафагӣ ва номукаммалиашон «абстрактӣ» ва «ғайриҳақиқӣ» буданд, бартараф мекунад (Ниг. Гегель, Соч., т. VI, М., 1939, с. 312).
Марксизм-ленинизм Инкори инкорро ҳамчун қонуни инкишофи ҳодисаҳои олами модӣ ва инъикоси онҳо дар шуур медонад. Ф. Энгелс менависад: «Қонуни бағоят умумӣ ва маҳз ба ҳамин сабаб бағоят васеъ амалкунандаи табиат, таърих ва тафаккур мебошад; қонунест, ки он... дар олами ҳайвонот ва олами наботот, дар геология, математика, таърих, фалсафа зоҳир мешавад> (Ф. Энгельс, Анти-Дюринг, Д.,1975, с. 144).
Фаҳмиши метафизикӣ ва диалектикии Инкори инкор муқобили якдигаранд. Метафизика ҷиҳатҳои мусбат, унсури раванди навро ба эътибор намегирад. Ингуна фаҳмиш аксаран, ҳам ба назария ва ҳам ба амалия таъсири манфӣ мерасонад. (Мас., таълимоти пролеткулт ва як қатор назариётиёни Хитой дар бораи нест кардани маданияти кӯхна ва барпо намудани маданияти пролетарӣ).
Нигаред
вироиш- Инкор
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.