Иннокентий Герасимов
Иннокентий Петрович Герасимов (26 ноябр 1905, Кострома — 30 марти 1985, Маскав) — ҷуғрофиёдон, заминрехтшинос ва хокшиноси шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1953), профессори Донишгоҳи давлатии Маскав (1938-64). Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Қазоқистон.
русӣ: Иннокентий Петрович Герасимов | |
Таърихи таваллуд | 26 ноябр (9 декабр) 1905 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 30 март 1985[1] (79 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ҷуғрофиё ва хокшиносӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои ҷуғрофиё |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Sergueï Neoustrouïev[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Ленинград (1926). Солҳои 1929-36 ходим, 1936-56 роҳбари шуъбаи ҷуғрофиё ва харитакашии Институти хокшиносии ба номи В. В. Докучаев буд. Аз соли 1945 дар Институти ҷуғрофиёи АИ ИҶШС кор кардааст (аз соли 1951 — директор). Дар экспедитсияҳои Қазоқистон, Осиёи Миёна, Сибири Ғарбӣ, Урал, Шарқи Дур ширкат ва ба Аврупои Ғарбӣ, Ҳиндустон, Хитой, Ҷопон, Сейлон, Сенегал, Алҷазоир, Тунис, Марокко, Гвинея, Бразилия, Чили, Уругвай, ИМА, Мексика, Зеландияи Нав, Австралия саёҳат намудааст. Асарҳои асосии ӯ масъалаҳои пайдоиш, ҷуғрофиё ва таснифи хок, ҷуғрофияи табиӣ, палеоҷуғрофиё ва геоморфологияро дар бар мегирад. Г. геологияи қисми ҳамвории Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистон, хусусиятҳои релйеф ва хоки онҳоро омӯхта, якчанд асар навиштааст. Доир ба тасниф ва инкишофи релйефи Замин, муҳофизат ва тағйир додани табиат, истифодаи маҷмӯии захираҳои табиӣ таҳқиқот анҷом додааст. Г. роҳбари ҳайати намояндагони илми шӯравӣ дар конференсияҳои байналмилалии ҷуғрофиёӣ, хокшиносӣ, роҳбари ҳайати таҳририяи «Атласи физикавию ҷуғрофии ҷаҳон» (ба забони русӣ), раиси Кумитаи миллии ҷуғрофияшиносони шӯравӣ (аз 1957), президенти Ҷамъияти умумииттифоқии хокшиносон (аз 1963), ноиби президенти Ҷамъияти байналмилалии ҷуғрофиёшиносон (1960-68), ноиби президенти Ҷамъияти байналмилалии хокшиносон (аз 1968), узви ҳақиқии АИ Булғория, узви АИ Маҷористон буд. Дорандаи Ҷоизаи Дмитрови Булғория (1963) ва Мукофоти давлатии ИҶШС (1973). Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор
вироиш- Основные черты развития современной поверхности Турана. М. — Л., 1937;
- Структурные черты рельефа земной поверхности на територии СССР и их происхожднние. М., 1959;
- Очерки по физической географии зарубежных стран. М., 1959;
- Основы почвоведения и география почв. М., 1960 (ҳамроҳи М. А. Глазовская);
- Преобразование природы и развитие географической науки в СССР. М., 1967.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #136312489 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Герасимов Иннокентий Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- Маринич А. М. (и другие) Шестидесятилетие со дня рождения и сороколетие научной деятельности академика И. П. Герасимова // Изв. АН СССР. Серия географическая. 1965, в 4, № 6;
- Мещеряков Ю. А. Вклад академика И. П. Герасимова в геоморфологию // Структурная и климатическая геоморфология. М., 1966;
- Фридланд В. М. Иследования И. П. Герасимова в области почвоведения // Генезис и география почв. М., 1966.
Сарчашма
вироиш- Герасимов Иннокентий Петрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.