Иноят Негматович Шарипов (зод. 5 майи 1944, ноҳияи Данғара) — зистшинос, номзади илмҳои биология (1978), дотсент (1987).

Иноят Шарипов
Иноят Негматович Шарипов
Таърихи таваллуд 5 май 1944(1944-05-05) (80 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1964—1969 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1971—1974 аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кишинёв ба номи В. И. Ленин, 1974—1987 муаллими калон, 1987—1988 дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1988—2005 раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2005 мудири кафедраи технология ва экологияи химиявӣ, ҳамзамон аз соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Оид ба моддаҳои фаъоли физиологии рустаниҳои ёбоии Тоҷикистон тадқиқоти илмӣ бурда, муаллифи якчанд дастурҳои таълимӣ ва зиёда аз 65 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Дар конференсияҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1988), ифтихорномаҳои Федератсияи Иттифоқҳои касаба ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

  • Сравнительные данные о систематическом распределении алкалоидокосных растений во флорах Молдавии и Таджикистана (бо ҳаммуаллифӣ), Ленинград, 1974;
  • Аминокислотный состав листьев и семян осоки парвской (бо ҳаммуаллифӣ), Кишинев, 1975;
  • Углеводный состав осоки парвской (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1981;
  • Алоқаи байни фанҳо ҳангоми таълими мавзӯи «Карбогидридҳо» (бо ҳаммуалифӣ), Д., 1986;
  • Выделение гомобровикаллина из осоки парвской (бо ҳаммуалифӣ), Тиблиси,1986;
  • Химия ва биохимияи сафедаҳо (бо ҳаммуалифӣ), Д., 1975;
  • Кимиёгарон ва омӯзгорони маъруфи ватанӣ (бо ҳаммуалифӣ), Д., 1990;
  • Инсоният ва экология (дастури таълимӣ), Д., 2010;
  • Химияи биологӣ (дастури таълимӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2

010.

Пайвандҳо

вироиш