Институти боғпарварию сабзавоткорӣ
Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон — дар таркиби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дорад. . Он қаблан шуъбаи Институти илмию истеҳсолии «Зироаткорӣ» буду баъдан ҳамчун муассисаи алоҳидаи илмӣ дар назди Вазорати кишоварзӣ таъсис ёфт, сипас ба ихтиёри Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гузашт. Роҳбари аввалини институт У.Эшонқулов, пас аз ӯ М. Қ. Қосимов буданд. Аз соли 1993 Турсунбой Ахмедов сарвари муассиса буд. Институтро ба шаҳри Душанбе кӯчонданд. Аз тарафи олимони институт якчанд навъҳои нави меваю сабзавот, аз ҷумла ноки тиллоранг, ангури тоифии сиёҳ, бодиринги «Беназир», пиёзи пешпазак ва ғайра кашф гардидаанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 69
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |