Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Акадéмияи илмҳóи кишоварзи́и Тоҷикистóн, АИКТ — муассисаи олии илмҳои кишоварзӣ.
ТаъсисВироиш
Соли 1991 таъсис ёфта, дар шаҳри Душанбе воқеъ аст. Ба ҳайати АИКТ 7 нафар узви пайваста, 9 нафар узви вобаста ва 2 нафар аъзои хориҷии АИ КТшомиланд. Шумораи умумии кормандони АИ КТ 1108 нафар (431 нафар кормандони илмӣ, аз он ҷумла 30 нафар доктор ва 124 нафар номзадҳои илм) мебошад (2010). Вазифаҳои асосии АИ КТ: мусоидат намудан ба пешрафти илмҳои кишоварзӣ, истифодаи босамари дастовардҳои илмӣ дар амалия; тайёр кардани мутахассисони баландихтисос; дарёфти роҳҳои нави тараққии техникаи кишоварзӣ; такмили усулҳои пажӯҳиш бо мақсади баланд бардоштани самараи корҳои тадқиқотӣ; истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар истеҳсолоти кишоварзӣ; ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироат, мева, зоти сермаҳсули чорво, занбӯри асал, кирмаки абрешим, паранда ва ғайра; рӯёндани навъҳои беҳтарини тухмӣ; таҳияи генофонди анвои маҳаллии зироат; ба вуҷуд овардани асосҳои илмии истеҳсоли хӯроки чорво, нигоҳубини ҳайвонот ва парандаҳо; ба роҳ мондани усулҳои замонавии ҳифзи рустаниҳо ва чорво аз беморию зараррасонҳо, пешгирию табобати ҳайвонот, занбӯри асал ва парандаҳо аз касалиҳо; ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳое, ки ба воситаи ҳайвонот интиқол меёбанд; дарёфти асосҳои илмии истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳосилхез гардондани хок, пешгирии эрозия ва шӯрзании замин; ба вуҷуд овардани системаи мошинҳо барои кишоварзӣ ва ғайра.
Муассисоти тобеъВироиш
Дар таркиби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 9 муассисаи илмӣ, аз ҷумла 6 институти соҳавӣ фаъолият доранд:
- Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,
- Институти чорводории АИКТ,
- Институти зироаткории АИКТ,
- Институти ветеринарияи АИКТ,
- Институти боғдорию сабзавоткории АИКТ,
- Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКТ ,
- Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ»-и АИКТ,
- Пойгоҳи таҷрибавии Помир,
- Маркази миллии ҷумҳуриявии захираи генетики АИКТ.
Нашрияи АИКТ «Ахбороти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон».[1]
Президентҳои АИКТВироиш
- Акбар Махсумов (1991—1993),
- Бобо Сангинов (1993—2005),
- Набиев Т. Н. (2005—2008),
- Аҳмадов Ҳ. М. (аз 2008).
Академикҳои АИКТВироиш
Нигаред низВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. А-АСОС — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012, — с.241
АдабиётВироиш
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.