Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон — аз соли 2020 ҳамчун Иститути илмию тадқиқотӣ дар таркиби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

(ИЧЧ АИКТ)
Номи пешина Институти илмӣ-тадқиқотии чорводории Тоҷикистон (2008 )
Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон(2020)
Таъсис 2008
Макон  Тоҷикистон, Душанбе

Таърих

вироиш

Аввалин муассисаи илмӣ ва пойгоҳи асосии гузаронидани таҳқиқотҳои нақшавии илмӣ, инчунин манбаи пешрафти илми чорводорӣ – стансияи таҷрибавии ҷумҳуриявӣ доир ба чорводорӣ 30 декабри соли 1930 дар назди Комиссариати халқии кишоварзии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки он нахустин муассисаи илмии соҳаи чорводорӣ дар мамлакат ба шумор мерафт. Он ба тадқиқотҳои ҳамаҷонибаи соҳаи чорводорӣ ибтидо гузошт ва сарчашмаи инкишофи илми чорводорӣ гардид. Маҳз дар заминаи ҳамин стансия баъди дигаргунсозиҳои чандинкарата, чун маркази методии асосӣ роҷеъ ба таъмини пешбурди илми чорводорӣ, рушди истеҳсолоти ин соҳаи муҳим ва тарбия намудани олимони ҷавон – Институти илмӣ–таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №215, аз 2 майи соли 2008 Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ гардид. Баъдан он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти фармони №478 аз 31 августи соли 2020 Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ крда шуд. Дар ин марҳила сохтори он низ таҷдид гардида, як қатор зерсохторҳои нав ташкил карда шуд. Дар ҳайати Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ (сармуассиса) 10 шуъба, 2 озмоишгоҳ, 1 марказ, инчунин 1 филиал дар вилояти Суғд фаъолият доранд: — Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво, дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷ/д «Сарикиштӣ»; — Филиали Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров . Институти чорводорӣ ва чарогоҳ АИКТ доир ба масъалаҳои муҳимтарини тараққиёти чорводории ҷумҳурӣ таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида, хулосаҳои илмӣ пешниҳод ва дастовардҳои илмиро оид ба соҳаи чорводорӣ дар амал татбиқ менамояд.

Равандҳои асосии фаъолияти илмии Институт

вироиш
  • Ба вуҷуд овардани зотҳо, типҳо, авлодҳо, дурагаҳо, кроссҳои нави сермаҳсули чорво, паранда ва занбӯри асал;
  • Таҳияи асосҳои илмии истеҳсолу коркарди хӯроки чорво ва паранда, такмили меъёр ва усулҳои хӯронидан, технологияи парвариш ва нигоҳубини чорво, паранда, занбӯри асал ва ғайра;
  • Такмили усул ва корҳои селексионию зотпарварӣ, беҳтар намудани сифати таркиби зоти чорво, паранда, занбӯри асал ва афзоишдиҳии онҳо;
  • Таҳияи тарзу усулҳои бозтавлидии чорво (таҷдиди пода), наслгирӣ ва биотехнология, санҷиш ва коркарди маводу воситаҳои биологию кимёвӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва наслнокии чорво;
  • Таҳияи усулҳои беҳтаргардонии ҳолат ва истифодабарии чарогоҳҳо ва марғзорҳои табиӣ;
  • Тайёр намудани кадрҳои илмии тахассуси олӣ (докторҳо ва номзадҳои илм, магистр, доктор PhD);
  • Омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати истифодаи онҳо дар рушди истеҳсолоти чорводорӣ;
  • Тайёр намудани пешгӯиҳо, таклифҳо оид ба рушди чорводорӣ дар ҷумҳурӣ, тавсияҳои илман асоснок доир ба ноҳиябандӣ намудани намуд ва зотҳои чорво, самарабахш истифода бурдани фондҳои ирсии чорво (чорвои хушзот, нутфа ва ҷанин);
  • Тайёр намудан ва пешниҳод кардани хулосаву тавсияҳои илмӣ-техникии хотимаёфта, иштирок дар тартибдиҳии нақшаҳое, ки дар истеҳсолот амалӣ мешаванд;
  • Ҷамъбаст ва тавсиядиҳӣ барои ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами ватанӣ, инчунин таҷрибаҳои хориҷӣ;
  • Расонидани ёрии зарурии илмию методӣ ба мутахассисони хоҷагиҳо ва бахшҳои кишоварзӣ;
  • Такмил додани низоми пешбарии соҳаи чорводорӣ.

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  • instchorvodori.tj/# — вебгоҳи расмии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон