Интизор Тоҷиддинова Мавлонова (тав. 27.01.1977 ш. Ваҳдат) — омӯзгори забони англисӣ, номзади илмҳои педагогика (2020).

Интизор Мавлонова
Интизор Тоҷиддинова Мавлонова
Таърихи таваллуд 27 январ 1977(1977-01-27) (47 сол)
Зодгоҳ Ваҳдат , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраев

Зиндагинома вироиш

Интизор Мавлонова Соли 1994 ба факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраев дохил шуда, онро соли 1999 бомуваффақият хатм карда, аз худи ҳамон сол дар ҳамин донишгоҳ ба сифати ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ, аз соли 2011-то инҷониб саромӯзгори кафедраи методикаи таълими забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Аз солҳои аввали фаъолияти омӯзгориаш дар донишгоҳ дар чандин конференсияҳои илмӣ амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар донишгоҳҳои мухталифи кишвар иштирок намуда, доир ба масъалаҳои илми методикаи таълими забони хориҷӣ баромад намуда, муҳтавои онҳоро дар маҷмуаҳои илмии дохиливу хориҷӣ ба чоп расонидааст.

Интизор Мавлонова рисолаи номзадиро дар мавзуи «Ташаккулёбии қобилияти коммуникативӣ-нутқии донишҷӯён дар раванди таълимоти касбӣ» (дар асоси маводи омӯзиши забони англисӣ) дифоъ намуданд. Дар омода намудани барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилоти олӣ аз 354 рӯи ихтисоси омӯзгори забони англисӣ саҳм гузоштааст. Муаллифи зиёда аз 35 мақолаи илмӣ-методӣ ва барномаи таълимӣ мебошад.

Осор вироиш

  • Использование ролевых игр на уроках английского языка. Вестник Педагогического Университета. №1 (35). Д., 2010;
  • Развитие коммуникативных компетенции студентов младших курсов в процессе изучения английского языка. Вестник Педагогического Университета. №6 (61). Д., 2014;
  • Работа с учениками в сфере коммуникативно-речевых способностей как один из задач сегоднещней педагогики. Вестник Педагогического Университета. №1 (62-1). Д., 2015

Пайвандҳо вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ