Инқилоби рақамӣ (англ. Digital Revolution) — гузариши густурда аз технологияҳои аналогӣ ба рақамӣ, ки дар солҳои 1980 оғоз шуда, дар даҳсолаҳои аввали асри 21 идома дорад; дигаргуниҳои куллӣ, ки бо паҳншавии васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар нимаи дуюми асри 20 оғоз ёфта, ба заминаҳои инқилоби иттилоотӣ табдил ёфтанд, ки дар навбати худ равандҳои ҷаҳонишавӣ ва иқтисодиёти баъдисаноатиро муайян карданд. Қувваҳои асосии пешбаранда ин истифодаи васеъи технологияҳои ҳисоббарорӣ, пеш аз ҳама компютерҳои шахсӣ, воридшавии ҳамаҷонибаи Интернет ва истифодаи васеи дастгоҳҳои алоқаи шахсии сайёр мебошанд.

Аз ҷиҳати миқёси дигаргунсозӣ баъзан бо инқилоби аграрии давраи неолит ва инқилоби саноатии асрҳои 18—19 муқоиса карда мешавад; дар заминаи ақидаҳо оид ба инқилоби дуюми саноатии нимаи дуюми асри 19 – ибтидои асри 20 онро баъзан Инқилоби сеюми саноатӣ меноманд [1] .

  1. Алексей Комиссаров. Четвёртая промышленная революция. Ведомости, № 3938 (14 октябри 2015). 4 ноябри 2015 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Ҳамчунин нигаред

вироиш