Ирина Зарубина
Ирина Зарубина (Ирина Петровна Зарубина; 9 [22] апрел 1907, Қазон — 20 май 1976[1], Санкт-Петербург) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1944), Ҳунарпешаи халқии РСФСР (1951).
| |
Таърихи таваллуд: | 9 (22) апрел 1907 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 20 май 1976[1] (69 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0953610 |
Зиндагинома
вироишСоли 1929 Инстиутути театрии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро ба охир расонда, дар Театри мазҳакаи ҳамин шаҳр як умр фаъолият дошта, қариб 90 нақш бозидааст. Ҳамзамон дар «Ленфилм» ва «Мосфилм» образҳои зиёд офарида, худро чун киноактрисаи моҳир муаррифӣ намудааст. «Пётр 1», «Дугонаҳо», «Байни мардум», «Садама», «Детективи деҳотӣ», «Ду табассум», «Умед», «Шаҳрвандон» намунае аз филмҳоанд, ки бо иштироки ӯ ба навор бардошта шудаанд. Солҳои 1941—1945 бо ҳайати Театри мазҳакаи шаҳри Ленинград дар пойтахти Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, дар намоишномаҳои театри номбурда образҳои марказӣ офаридааст. Ҳамзамон тариқи Радиои тоҷик дар барномаҳои гуногуни замонавӣ, ки асосан мардумро ба муборизаи зидди фашизм ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ талқин менамуданд, иштирок менамуд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.