Ирина Ҷаъфаровна Мансурова (15 ноябри 1925, Бухоро — 6 апрели 1991, шаҳри Душанбе) — пизишк, доктори илми тиб (1967), профессор (1969).

Ирина Мансурова
Мансурова Ирина Ҷаъфаровна
Таърихи таваллуд 15 ноябр 1925(1925-11-15)
Зодгоҳ Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 6 апрел 1991(1991-04-06) (65 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи тиббии Самарқанд

Зиндагинома

вироиш

Донишгоҳи тиббии Самарқандро хатм кардааст (1948). Солҳои 1951—1959 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои сироятӣ, ассистенти кафедраи биохимияи ИДТТ ба номи Ибни Сино, 1959—1976 ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи биохимияи Институти таҳқиқоти илмии тибби кишварии Тоҷикистон (ҳозира Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИ Тоҷикистон) буд. Аз соли 1976 то охири умр вазифаи мудири лабораторияи биохимияи одаму ҳайвоноти Шуъбаи муҳофизати табиати АИ Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 200 кори илмӣ доир ба омӯзиши ихтилоли раванди мубодила дар организм ва таъсири дорую заҳрҳо ба он мебошад, усулҳои таҳлили микрохимиявии пунктатҳои ҷигар (унсурҳои бофтаи ҷигар, ки бо сӯзани махсус гирифта мешавад), инчунин типҳои конселлятсионии ферментҳоро кор кардааст. Бо роҳбариаш сабабҳои музмин гаштан ва роҳҳои пешгирии бемориҳо, таъсири рустаниҳои доруӣ ба мубодилаи модда дар организми зинда омӯхта шуд.

  • Уровень буферных кислот в сыворотке крови при некоторых поражениях печени. — Сталинабад, 1958;
  • Биохимия печени больных гепатитами и циррозами: Дисс…доктора мед. наук. — М., 1966;
  • Биохимия печени при болезни Боткина и боткинских циррозах. — Д., 1964;
  • Обменные процессы при диффузных поражениях печени. — Д., 1967;
  • Избранные лекции по клинической биохимии. — Д., 1971.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 316.