Ироқи Бухоро
Ироқи Бухоро — яке аз шохаҳои шуъбаи дуввуми мақоми «Бузург» буда ва аз шохаҳои «Талқинчаи Ироқи Бухоро», «Чапандози Ироқи Бухоро», «Соқиномаи Ироқи Бухоро» ва «Уфари Ироқи Бухоро» иборат аст.
Ироқи Бухоро аз лиҳози лаҳнию оҳангӣ ба «Сарахбор»-ҳои шуъбаи якум шабоҳат дорад вааз асарҳои «Талқинчаи Ироқи Бухоро», «Чапандози Ироқи Бухоро», «Соқиномаи Ироқи Бухоро» ва «Уфари Ироқи Бухоро» иборат аст. Агар усули шаклгирии «Ироқи Бухоро» усули «Зарбулқадим» бошад, асарҳои дигари ин боб дар асоси усулҳои маъмулии шуъбаи дуввум шакл гирифтаанд. Дар анъанаи иҷроӣ қаринаҳои гуногуни иҷрои «Ироқи Бухоро» вуҷуд дошт. Бинобар ба эътирофи Шоҳназар Соҳибов «Ироқи Бухоро» бар матни Ҳофизи Шерозӣ, ки тавассути дастаи ҳофизон иҷро мешавад, «Ироқ»-и кӯчабоғист, ки бо анъанаи иҷрои ин асар дар боғу деҳот иртибот дорад. Намуди дигари «Ироқ» ба матни Саидаҳмадии Васлӣ суруда мешавад. Ҳофизи машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз «Ироқ»-ро бо усули худ, яъне ба таркиб ва банду басти асар тағйироти ҷиддие ворид сохта, сароидааст. Сабку роҳ ва тарзи иҷрои Ҳоҷӣ Абдулазизро шогирди ӯ Шоҳназар Соҳибов хуб андӯхта, ин шеваро байни ҳунармандони номии аввали садаи ХХ-ум махсус таъкид намудааст.
Адабиёт
вироиш- Ражабов И. Макомлар масаласига доир. - Тошкент, 1963;
- Шашмақом. - М., 1959-1964;
- Ҳакимов Н. Шашмаком дар қарни ХХ. - Хуҷанд, 2006.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 87 ISBN 978-99947-49-13-3
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |