Ҳоҷӣ Абдулазиз
Ҳоҷӣ Абдулазиз (Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов; 1852, Самарқанд — 1936) — хонанда, навозанда ва оҳангсози тоҷик, устоди забардасти «Шашмақом». Ҳофизи халқии Узбакистон (1933).
Иттилооти асосӣ | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 1852 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1936 |
Пеша(ҳо) | овозхон, оҳангсоз, навозанда |
Зиндагинома
вироишҲоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов соли 1852 дар маҳаллаи Кӯкмасҷиди шаҳри Самарқанд хонаводаи Абдурасули ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш Абдурасул аз ноҳияи Қаротегини Тоҷикистон буда, ҳамроҳи бародараш барои кор ба Самарқанд меояд. Вақте ки дар Самарқанд кор мекард, корҳои ӯ ба як косиби кӯҳансол писанд меояд. Косиб духтари худро ба ӯ медиҳад.
Падари Абдулазиз ба мусиқӣ дилбастагӣ дошт ва бо думбура сурудҳои тоҷикиро месароид. Абдулазизи ҷавон аз шунидани таронаҳои ғамангези падараш ба мусиқӣ дил мебандад, нахустин саводи мусиқиро низ аз падараш меомӯзад.[1]
Усто Абдурасул барои ояндаи писараш чизеро дареғ намедошт. Вақте ки ӯ 6–7‑сола мешавад, ба мактаби ибтидоии куҳна меравад. Вай 4 сол дар мактаб мехонад ва сипас падараш Абдурасул ӯро ба яке аз мадрасаҳои Самарқанд мебарад. Дар солҳои таҳсил дар мадраса Ҳоҷӣ Абдулазиз бо осори Умари Хайём, Хоҷа Ҳофиз, Шайх Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Мирзо Бедил ва дигарон ошно мешавад. Устоди асосии ӯ аз дарси мусиқӣ Мирзо Меҳтар — карнайнавози маъруфи замони худ буд. Аз Ҳоҷӣ Раҳмонқул танбӯрнавозӣ ва аз Борухи Калҳак сурудхониро омӯхт. Ин ду устод Абдулазизи ҷавонро ба олами «Шашмақом» ворид карданд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ду маротиба: бори аввал солҳои 1891–1892, маротибаи дуюм дар солҳои 1907–1908 ба Ҳаҷ рафтааст. Зимни сафари Ҳаҷ аз кишварҳои Гвинея, Гана, Уганда, Нигерия, Покистон, Ҳинд, Афғонистон, Эрон, Туркия ва Чин дидан карда, бо ҳунари онҳо ошно шуда, бар асоси шунидаҳои худ оҳангу таронаҳои зиёде эҷод мекунад.
Пас аз сафари нахустини Ҳаҷ, ӯ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи «Шашмақом» ба Бухоро рафта, «Шашмақом»-ро пурра аз Ота Ҷалол Носиров, меомӯзад[2].
То даври Ҳоҷӣ Абдулазиз оҳангҳои «Шашмақом»-ро бо танбӯр менавохтанд, ӯ аввалин шуда, «Шашмақом»-ро дар дутор иҷро кард ва маҳорати камназири худро нишон дод.
Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов асосан ба ду забон, тоҷикӣ ва узбеакӣ суруд офаридааст, вале муҳаққиқони осораш мегӯянд, аксари онро ҳоло ҳунармандон ҳамчун моли халқ истифода мебаранд[3].
Даргузашт
вироишҲоҷӣ Абдулазиз 9 январи соли 1936 даргузашт.
Ҷоизаҳо
вироишСоли 1933 дар Тошканд нахустин анҷумани ҳунармандон баргузор шуд, ки Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасуловро низ ба он тадбир даъват карданд. Дар ин вақт ҳофизи машҳур 80‑сола буд. Дар поёни анҷуман ба Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ва Домуло Ҳалим Ибодов унвони «Ҳофизи халқии Узбакистон» дода шуд.
Гиромидошт
вироишБар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Узбакистон аз 6 майи 2020 ва қарори ҳокими вилояти Самарқанд аз 11‑уми июни соли 2020 хонае, ки Ҳоҷӣ Абдулазиз зиндагӣ кардааст, ба Хона-музей табдил дода шуд ва он ба тасарруфи Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд гузашт.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аҳмад РАҲМАТОВ, Абдураҳмон МУРОДОВ. Нобиғаи «Шашмақом» дар Самарқанд. Овози Самарқанд (8 июли 2022).
- ↑ Ҳожи Абдулазиз Абдурасулов (1854-1936)(ӯзб.). www.ziyouz.uz (25 феврали 2017). 12 октябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Осорхонаи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов - нишонае аз сарвати мусиқии тоҷик. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 12 октябри 2022 санҷида шуд.