Иршод Алиев

(Тағйири масир аз Иршат Алиев)

Иршод Саидович Алиев (7 январи 1930, ноҳияи Керчики Туркманистон) — хокшинос, доктори илми биология (1986), Агрономи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1977).

Иршод Алиев
Алиев Иршод Саидович
Таърихи таваллуд 7 январ 1930(1930-01-07) (94 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Керчик, Туркманистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ зистшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти кишоварзии Тошканд
Ҷоизаҳо Агрономи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1977).

Фаъолият

вироиш

Иршод Саидович Алиев баъди хатми Институти кишоварзии Тошканд (1953) дар Институти хокшиносии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, мудири шӯъба, муовини директор оид ба илм фаъолият намудааст. Дар робита ба хокшиносӣ, обёрии заминҳои шӯр, агрохимияи замин тадқиқот анҷом дода, дар водиҳои Вахш, Ҳисор, ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд ва ғайра озмоишу таҷрибаҳо гузарондааст. Тавсияҳои Алиев оид ба роҳҳои баланд бардоштани ҳосилхезии замин, обшӯй кардани хокҳои шӯр дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

  • Мелиорация и сельскохозяйственное освоение каменистых почв Таджикистана. — Д., 1981.

Сарчашма

вироиш