Ис­кандарбеки Муншӣ

(Тағйири масир аз Ис­кандари Муншӣ)

Искандарбеки Муншӣ (форсӣ: اسکندر بیگ ترکمان‎ ‎ 1560, Табрез1634, Табрез) — муншӣ, адиб, шоир ва таърихнигори форсизабони[1][2] дарбори Сафавиён, муаллифи «Таърихи оламорои Аббосӣ».

Ис­кандарбеки Муншӣ
Таърихи таваллуд: 1560
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1634
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: муаррих
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Баъзе паҳлуҳои ҳаёти Искандарбеки Муншӣдар «Оламорои Аббосӣ» ва «Гулистони ҳунар»-и Қозӣ Аҳмад Муншии Қумӣ ёд шудааст. Ба қавли баъзе муаррихон, Искандарбеки Муншӣаз тоифаи туркмони Озарбойҷон буд. Баъди омӯхтани илмҳои маъмули замонаш, аз ҷумла илми сиёқ (навъи муҳосибот) чанд муддат ба корҳои давлатӣ машғул шуд. Искандарбеки Муншӣдар аҳди шоҳ Муҳаммади Худобанда (1578–87) котиби «дафтари шаръиёт» буд. Соли 1586 Искандарбеки Муншӣҳамчун муншии девон дар лашкаркашии Ҳамза Мирзои валиаҳд бар зидди исёнгарони Искандар Ироқи Аҷам ширкат кард. Искандарбеки Муншӣсоли 1593 ба дарбори шоҳ Аббоси I (ҳукмронӣ 1588–1629) ҷалб шуда, чанд муддат муншии девони иншо буд. Пас аз фавти шоҳ Аббоси I (1629) Искандарбеки Муншӣвоқеаҳои таърихии даврони ҳукумати шоҳ Сафӣ (1629–41) ва ворисони ӯро бо номи «Зайли Оламорои Аббосӣ» таълиф кард. Дар асари дигараш – «Муншаот» номаҳои навиштаи Искандарбеки Муншӣба шоҳону амирон ва дигар амалдорон гирдоварӣ шудааст. Искандарбеки Муншӣдар эҷоди шеър ва навиштани моддаи таърих низ маҳорати хуб дошт.

  1. Paulina Kewes, Ian W. Archer, Felicity Heal. The Oxford Handbook of Holinshed's Chronicles. — Oxford University Press, 2013. — P. 256.
  2. Петрушевский И. П. Очерки по истории феодальных отношений в Азербайджане и Армении в XVI - начале XIX вв. — Л., 1949. — С. 20.

Адабиёт

вироиш