Таърихи оламорои Аббосӣ
«Таърихи оламорои Аббосӣ» (форсӣ: تاریخ عالمآرای عباسی) — асари Искандарбеки Муншӣ, ки ба ба забони форсӣ таълиф шуда, дар бораи таърихи хонадони Сафавиён ё Қизилбошҳо аст.
Унвони мақола | форсӣ: تاریخ عالمآرای عباسی |
---|---|
Нависанда | Искандари Муншӣ |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Муаллиф асари худро соли 1629 ба итмом расонддаст. «Таърихи оламорои Аббосӣ» аз муқадима (иборат аз 12 Маколл ду муҷаллаи ва хотима иборат аст. Асар дар бораи вазъияти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии Эрони охири асри 16—аввали асри 17 маълумот дода, аз тарзи давлатдорӣ, сохти маъмурии мамлакат, ҳқроҷу андоз, аҳволи халқ, хуруҷҳои зиддифеодалӣ ва сиёсати берунаи давлати Сафавиён баҳс мекунад. «Таърихи оламорои Аббосӣ» дар бораи сиёсатмадорон, ҳокимони музофотҳо, олимон ва рӯҳониёни намоёни шиа низ маълумот медиҳад. Ин китоб барои таҳқиқи таърихи Мовароуннаҳри асрҳои 16—17 маъхази пурбаҳоест. Дар асар муносибати Сафавиён бо Бобур ва Шайбониён ботафсил баён ёфтааст. Баёни воқеаҳо дар «Таърихи оламорои Аббосӣ» аз рӯи тартиби солҳо буда, бо сабки равон навишта шудааст. «Таърихи оламорои Аббосӣ» идома низ дорад, ки он бо унвони «Замимаи таърихи оламорон Аббосӣ» маълум аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Таърихи оламорои Аббосӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).