Искандар Хатлонӣ (форсӣ: اسكندر ختلانى‎; 12 октябри 1954, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 21 сентябри 2000, Маскав, Русия) — шоир, рӯзноманигор, мутарҷим, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоъии тоҷик буд.

Искандар Хатлонӣ
Искандар Идиев
Тахаллусҳо: Хатлонӣ
Таърихи таваллуд: 12 октябр 1954(1954-10-12)
Зодгоҳ: Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 21 сентябр 2000(2000-09-21) (45 сол)
Маҳалли даргузашт: Маскав
Шаҳрвандӣ:  Иттиҳоди Шӯравӣ
 Тоҷикистон
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, шоир, фаъоли ҳуқуқи башар
Солҳои эҷод: 1970—2000
Жанр: шеър
Забони осор: тоҷикӣ, русӣ
Аввалин қадам: охирҳои солҳои 1960-ум

Зиндагинома

вироиш

Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев 12 октябри соли 1954 дар хонаводаи омӯзгорон дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар Омӯзишгоҳи сохтмонии шаҳри Душанбе идома дод. Аммо меҳру муҳаббат ба фарҳангу адаб ва шеъру шоирӣ, ӯро ба Донишкадаи адабии Максим Горкий ба шаҳри Маскав овард. Ҳамзамон бо донишҷӯӣ вай барои бахши бурунмарзии радиои шуравии «Ин ҷо Маскав» хабарнигорӣ мекард.

Пас аз анҷоми таҳсил дар Маскав, Искандар муддате дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кор мекард. Он замон Шуравӣ бо Афғонистон ҷанг дошт ва ӯро барои мутарҷимӣ ба ин кишвар фиристоданд, зеро ба гуфтаи дӯстонаш, Искандар на танҳо донандаи забони модарии хеш, балки яке аз беҳтарин мутарҷимони забони русӣ ба дарӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва суҳбатҳои сармушовири руси раисҷумҳури Афғонистонро ба форсии ноб ва гуфтаҳои раҳбари Афғонистонро ба русии фасеҳ баргардон мекард[1].

Ҳамзамон бо мутарҷимӣ Искандар Идизода устоди Донишгоҳи улуми иҷтимоии Кобул низ буд. Дар ин замон буд ки севумин маҷмуаи шеъраш — «Садои пои вожаҳо» дар Кобул дар соли 1988 ба табъ расид. Нахустин шеърҳои Искандари Хатлонӣ ҳанӯз дар айёми мактаби миёна дар охири даҳаи 1960 ва аввалҳои даҳаи 1970 дар матбуоти шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Тоҷикистон чоп шудааст[2].

Искандар пас аз хурӯҷи нируҳои Шуравӣ аз Афғонистон дар феврали 1989 ба Маскав баргашт ва фаъолияташро дар заминаи хабарнигории байнулмиллалӣ оғоз кард ва дар авоили даҳаи 1990 хабарнигори бахши порсии радиои Би-Би-Си шуд.

Дар поёни даҳаи 1980 Искандар ки ҳамвора дар пайи ташкили маҳфили сиёсии рӯшанфикрон буд, яке аз бунёдгузорони нахустин маҳфили сиёсии Тоҷикистон «Рӯбарӯ» (1988) ва ҷунбиши мардумии «Растохез» (1989) шуд. Вай дар муборизаи рӯшанфикрон барои мақоми давлатии забони порсии тоҷикӣ аз пешсафони ин набард буд. Искандар яке аз ангуштшумор фаъолоне буд ки шаҳодати ҷавонон ба дасти ҳукумати шуравии Тоҷикистон дар Баҳманмоҳи хунини 1990-ро маҳкум кардаанд.

Пас аз бозгашт ба Маскав дар оғози даҳаи 1990 Искандар нахустин нашрияи озоди тоҷикӣ, «Мужда»-ро таъсис дод ки ба хатти тоҷикӣ ва порсӣ мунташир мешуд ва ӯ аз он бисёр ифтихор мекард, ки пуле миёни порсизабонони ҷаҳон устувор кардааст[1].

Искандар аз соли 1995 то лаҳзаи марг хабарнигори муваффақи радиои Озодӣ буд.

Кушта шудан

вироиш

Ӯро 21 сентябри 2000 дар Маскав куштанд ва кушандагонаш то кунун дастгир нашудаанд[3].

Осори адабӣ

вироиш

Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмуаи шеърӣ, назири «Парвоз» (1981), «Шукуфа» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1988) ва «Кушоиш» рӯи чоп омадааст. Пас аз маргаш бародараш Алишер Идизода маҷмуаи наверо, ки ҳама ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия карда аст.

Аз намунаи ашъораш ин шеър аст ки дар китобҳои дарсии адабиёти форсӣ дар Эрон чоп шуда аст:

Дар xуни ман ғурури ниёгон нуҳуфта аст
Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфта аст

Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам
Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфта аст

Хоки маро ҷазираи xушке гумон мабар
Дарёи бекарону xурӯшон нуҳуфта аст

Холи дили маро ту зи тобу тавон мадон
Шери жиён миёни найистон нуҳуфта аст

Пиндоштӣ ки решаи пайванди ман гусаст
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфта аст.

Арзёбии ҳунари шоирӣ ва хабарнигорӣ

вироиш

Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Искандарро аз беҳтарин шоирони даҳаи 1980 бад-ин сӯ дар адабиёти порсиву тоҷикӣ хонда ва ӯро гӯяндаи шеъри асили сафед дар адабиёти тоҷик шумурдааст. Ба гуфтаи вай, «Искандар … аз беҳтарин шоирони навора ва равшанфикр буд. Шеъраш бисёр шеъри равшан аст ва ҳам нафис. Масалан:

Маҳтоб дар лаби бом,
Як коса шири гарм аст.
Овози модари ман,
Чу бӯи шир нарм аст.

Ин мисраъҳо хеле шоирона ва нафис гуфта шудаанд. Аввалин шеъри асили сафедро, ки шеъри озод мегӯянд, Искандар гуфт. Шоири навпардоз, навгиро буд. Албатта ғазал ва дигар абёти шеърӣ дорад, аммо талош мекард, то шеъри сафед гӯяд. Дар такя ба шеъри Нимоӣ ё шеъре, ки Сӯҳроби Сипеҳрӣ гуфтааст, эҷод кардааст ва он замоне, ки Искандар чунин шеърҳо мегуфт, мардум дар Тоҷикистон, дар назар дорам муҳити адабиро, ба пазируфтани ин навъи шеърӣ омода набуданд»[2].

Мардони Муҳаммад, хабарнигори бахши форсии радиои Би-Би-Си, Искандари Хатлониро аз нахустин хабарнигорони сатҳи байнулмилалӣ медонад. Ба гуфти вай, «дар даврони Шӯравӣ теъдоди хабарнигорони тоҷики сатҳи байнулмиллалӣ андак буд, ки дар раъси он Отахон Латифӣ қарор дошт. Аммо пас аз фурӯпошии Шӯравӣ Искандари Хатлонӣ аз нахустин афроде буд, ки дар ин сатҳ гом бардошт ва ба унвони хабарнигор дар радиои Би-Би-Си ва баъдан радиои Озодӣ дар Маскав фаъолият кард. Аз забони фасеҳ ва аз садои хуши Искандар ҳангоми ироаи гузоришҳо ва сӯҳбатҳо гӯши шунаванда лаззат мебурд. Хабарнигори ҳирфаӣ буд. Зеро кӯшиш мекард, то барои шунаванда хабарҳои муҳимро бирасонад. Ҳамчун дӯст шахси беҳамто буд. Ҳам дар Би-Би-Си ва ҳам дар Озодӣ барои шунавандаи тоҷик хидмат кард»[2].

Абуғаффори Камол, як тан аз хабарнигорони тоҷик, Искандари Хатлониро мояи ибрат ва намуна барои фаъолияти хабарнигории сатҳи байнулмилалӣ медонад. Вай мегӯяд, «Искандари Хатлонӣ бо ҳамон садои бисёр шево ва ҷаззобаш, ҷумлаҳои бисёр фасеҳ ва рехтааш ва бо он баёни дилнишин ва рехтааш, ҳамеша саъй мекард, зимни ин ки хабару рӯйдодҳои Тоҷикистон ё вобаста ба ин кишварро мунъакис кунад, ҳамчунин ман метавонам бигӯям, ҳамеша аз як таассуби ҷиддӣ, ба маънии мусбаташ, барои миллату мардуми тоҷик бархӯрдор буд. Ба хусус гузоришу таҳлилҳояш дар бораи музокироти сулҳи миёни тоҷикон ба шунаванда умедворӣ ба сулҳро медод»[2].

Пайвандҳо

вироиш