Искич
Искич — деҳа дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст. Масофа аз деҳаи Искич то маркази Ҷамоъат 5 км, то маркази шаҳри Ҳисор 16 км - ро дар бар мегирад. Аҳолиаш 2543 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Деҳа | |
Истганҷ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Мақом | шаҳри Ҳисор |
минтақа | НТҶ |
Ҷамоат | Деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2543 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Ном
вироишАз рӯи гуфтаҳо номи деҳа аввал Истганҷ будааст, ки маънояш сарзамини ҳосилхез, ҷойи ганҷ мебошад[2]. Бо мурири замон номи деҳа ба Искич табдил шудааст.
Иқтисод
вироишДар деҳаи Искич мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7, маркази саломатӣ, масҷиди панҷвақта, осиёб ва якчанд нуқтаҳои савдо амал мекунанд[2]. Инчунин боғҳои калони себ ва ангур мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 270