Ҷамоати Хонакоҳи Кӯҳӣ — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.
Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ моҳи феврали соли 1926 таъсис ёфта, марказаш деҳаи Чангоб аст, аз маркази ноҳияи Ҳисор дар қисмати шимолу шарқӣ, дар масофаи 12 км ҷой гирифта, 3412 хоҷагӣ
ва 26874 нафар аҳолӣ дошта, деҳаҳои Хонақоҳи Кӯҳӣ, Шол, Чангоб, Гулдара (собиқ Ҷиндара), Меҳргон (собиқ Қипчоқ), Лабисой (собиқ Хелисой), Алибегӣ, Арбобӣ, Латтахорак, Шоҳон, Кафшдӯзон, Чашмаи Бозор, Нилӯ, Тахт, Кӯшкак, Искич, Рағоба, Истонӣ, Турушбоғ, Яккатут, Қалъаи Ҷобир,
Арҷинак, Варгандок ба он тобеъ буда, дар ҳудудаш 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 таҳсилоти асосӣ, 5 мактаби ибтидоӣ, 1 беморхона, 4 маркази
саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, 11 хоҷагии деҳқонии
умумӣ, 90 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4 китобхона,
1 маркази фарҳангию фароғатӣ, 2 нуқтаи алоқа,
шуъбаи милитсияи минтақавӣ, 3 масҷиди ҷомеъ, 16
масҷиди панҷвақта, 67 нуқтаи хурди савдо, 16 осиёб, 9
сехи хурди равғанкашӣ, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ,
сехи дӯзандагӣ, анбори нигоҳдории мева ва ошхонаи
умумӣ амал мекунанд.
[1]