Бобохоҷаев Ислом Яъқубович (25 августи 1915, Хуҷанд 3 июли 1992, Душанбе) — доктори илмҳои тиб (1972), профессор (1977), яке аз аввалин ташкилотчиёни ҳифзи тандурустӣ дар Тоҷикистон. Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945). Ширкаткунандаи ҶБВ.

Ислом Бобохоҷаев
Бобохоҷаев Ислом Яъқубович
Таърихи таваллуд 25 август 1915(1915-08-25)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 3 июл 1992(1992-07-03) (76 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти тиббии Тошканд
Ҷоизаҳо
Ордени «Нишони Фахрӣ»
Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1937 Институти тиббии Тошкандро хатм карда, то соли 1943 дар хидмати ҳарбии тиббӣ буд. Сардори шуъбаи тандурустии вил. Ленинобод (ҳоло Суғд; 1943-47), ҷонишини вазир (1948-51), вазири нигаҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1951-53), ассистенти Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1953-58), сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ (1958-61). Роҳбари бахши Институти таҳқиқоти илмии беҳдошти ба номи Эрисмани шаҳри Маскав (1961-66), роҳбари бахши Институти таҳқиқоти илмии беҳдошт ва эпидемиологияи Маскав (1966-69), корманди Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили ҳифзи тандурустӣ ба номи Семашко (Маскав; 1969-72), профессор (1972-76), мудири кафедра (1976-87) ва профессори кафедраи физиологияи Институти давлатии педагогии Душанбе (1987-92). Муаллифи зиёда аз 30 асари илмӣ оид ба ташкил ва такмили фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 2).

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  • Лечебные минеральные источники Памира. Д., 1994.

Сарчашма

вироиш