Исматулло Файзиев

олими тоҷик

Исматулло Давлатович Файзиев (тав. 10.02.1950, ноҳияи Ӯротеппа), физик, номзади илмҳои педагогӣ (1988).

Исматулло Файзиев
Исматулло Давлатович Файзиев
Таърихи таваллуд 10 феврал 1950(1950-02-10) (74 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Истаравшан , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1970–1975 дар факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1976–1981 муаллими мактаби миёнаи №53 шаҳри Душанбе, 1981–1989 ассистент, 1989–1992 муаллими калон, 1992–1997 дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Ҳамзамон солҳои 1985–1988 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Челябинск таҳсил кардааст. Айни ҳол мудири кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Fафуров мебошад. Муаллифи зиёда аз 50 номгӯи корҳои илмию методӣ аст.

Осор вироиш

Методические рекомендации по проведению учебных конференций и семинаров с технологическим содержанием в курсе физики 9 класса, Челябинск, 1987; Мавқеъ ва мазмуни семинару конференсияҳо дар таълими физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1990.

Пайвандҳо вироиш