Исмоиллӣ (озарбойҷонӣ: İsmayıllı) — шаҳр ва маркази маъмурии ноҳияи Исмоиллии Озарбойҷон аст, ки дар пойгоҳи нишеби ҷанубии Кафқози Бузург, 176 км дуртар аз шаҳри Боку ва 47 км дар шимолу шарқии истгоҳи роҳи оҳани Мусуслӣ ҷойгир аст.

Шаҳр
Исмоиллӣ
озарбойҷонӣ: İsmayıllı
40°47′02″ с. ш. 48°08′38″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Q16370043?
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 657 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 20 660 тан (2014)
Забони расмӣ озарбойҷонӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта AZ 3100
Коди мошин 31
ismayilli-ih.gov.az
Исмоиллӣ дар харитаи
Исмоиллӣ
Исмоиллӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор
Манзараи Исмоиллӣ

Аҳолӣ

вироиш

То соли 2009 аҳолии шаҳр 15 004 ҳазор нафарро ташкил медод [1]. Гарчанде ки аксарияти кулли аҳолии Исмоиллӣ озарбойҷониҳо ҳастанд, гурӯҳҳои дигари қавмӣ низ дар инҷо зиндагӣ мекунанд, алахусус лезгинҳо, русҳо, татҳо, хапутлинҳо (кризҳо), курдҳо ва замоне яҳудиёни кӯҳистонӣ буданд.[2]

Иқтисод

вироиш

Дар шаҳр саноати сабук ва хӯрокворӣ, заводи асфальт мавҷуд аст ва дар кӯҳҳои наздик харсанги гранит ёфта шуда ва истихроҷ карда мешавад. Ноҳия дар соҳаи кишоварзӣ қавӣ аст. Колхози Калинин дар деҳаи Ивановка бо дастовардҳои худ, ки берун аз Озарбойҷон ба таври васеъ маъруф аст, шуҳрат дорад.

  • Фабрикаи паррандапарварӣ - соли 1978 сохта шудааст.
  • Заводи хишти "Рагуб ФК" - соли 1989 сохта шудааст.
  • Корхонаи истеҳсолии Лаҳиж як корхонаи давлатиест, ки ба иттиҳодияи истеҳсолии "Азерхалча" тааллуқ дорад. Он аз соли 1966 амал мекунад.
  • Корхонаи истеҳсоли қолинҳои Лоҳид як корхонаи давлатиест, ки ба иттиҳодияи истеҳсолии "Азерхалча" тааллуқ дорад. Он фаъолияти худро соли 1984 оғоз кардааст.
  • ҶСК "Шароб 1" - соли 1930 сохта шудааст. Аз соли 2003 инҷониб корхона ҳамчун як корхонаи хусусӣ фаъолият мекунад. Маҳсулоти вино ва коняк истеҳсол карда мешавад.
  • Як сехи истеҳсоли калагай (инҳо руймолҳои миллӣ), як ширкати дорусозии "Шафа - Т", 4 корхонаи шир, як сехи тавлиди оби ош, чанд сехи хусусии қолинбофӣ ва боз чанд корхонаи хурду миёна фаъолият мекунанд.

Бародаршаҳрҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  1. İsmayıllı rayonu(озарб.). Azərbaycan Respublikasının Dövlət Statistika Komitəsi. 15 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 май 2019.
  2. Von Masimovasif. Многонациоанальный и мультикультурный Исмаиллы - Народы Азербайджана -(олмонӣ) (31. August 2019). 15 октябри 2019 санҷида шуд.
  3. Лев Спивак: "АзИз" поддерживает всех выходцев из Азербайджана на муниципальных выборах в Израиле - ФОТО(рус.). Day.Az (17 октябри 2018). 8 май 2019 санҷида шуд.