Исмоилов Шамсулло
Шамсулло Исмоилов (тав. 17.06.1947, деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод), забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1999), профессор (2002).
Шамсулло Исмоилов | |
Таърихи таваллуд | 17 июн 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Нуробод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1963–1966 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм, 1966–1970 дар факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1970–1971 ҳамчун лаборанти кафедраи забон ва адабиёти донишкадаи номбурда кор кардааст. Солҳои 1971–1972 афсари Артиши Шӯравӣ, 1973–1975 аспиранти кафедраи забони тоҷикӣ, 1975– 1979 ассистенти кафедаи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, 1979–1989 муаллими калон ва дотсенти кафедраи забони тоҷикии донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1989–2006 ба ҳайси мудири кафедраи забони тоҷикӣ, 2007–2010 мудири кафедраи забони тоҷикии байнифакултетии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2010 мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи номбурда мебошад. Ҳамзамон ӯ узви Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Россия-Тоҷикистон (Славянӣ), узви раёсати Комиссияи таҳрири қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиссияи тарҳрезии барномаҳо ва китобҳои дарсии мактабӣ дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Оид ба лексикаи лаҳҷаи Қаротегин, топонимияи водии Қаротегин ва дигар масъалаҳои забоншиносӣ тадқиқотӣ илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 150 асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) сарфароз шудааст.
Осор
вироиш- Назаре ба вожаҳои ҷуғрофӣ, Д., 1993;
- Таҳлили лингвистии топонимҳо, Д., 1994;
- Баъзе масъалаҳои таълими забон дар мактаб, Д., 1994;
- Инъикоси архаизму диалектизмҳо дар номҳои ҷуғрофӣ, Д., 1996;
- Назари Абдусалом Деҳотӣ ба масоили забони тоҷикӣ, Д., 1998;
- Устоди зиндаёд, Д., 2002; Раҳномаи таҷрибаи шевашиносӣ, Д., 2005;
- Муносибати лексикаи лаҳҷаи Қаротегин бо забони адабиёти классикӣ // Ахбори АИ Тоҷикистон, №2 (84), 1976;
- Қабатҳои лексикӣ-семантикии лаҳҷаи Қаротегин // Масъалаҳои забони тоҷикӣ (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 1978;
- Муносибати лексикаи лаҳҷаи Қаротегин бо баъзе аз забонҳои помирӣ // Масъалаҳои забони тоҷикӣ (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 1991;
- Асрори номҳои кишвар // Садои Шарқ, №7–12, Д., 2000;
- Унсурҳои шарқиэронӣ дар топонимияи Қаротегин // Абкори маъонӣ (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 2003.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |