Исмоил Гаспринский

Исмоил Гаспринский (қирим. İsmail Gasprinskiy (Gaspıralı), اسماعيل غصپرينسكى‎; 8 (20) март 185111 (24) сентябри 1914) —яке аз равшанфикрони тотори Қрим, ходими сиёсӣ, маорифпарвар, рӯзноманигор, адиб ва ношир, яке аз поягузорони ҷараёнҳои ҷадидия ва пантуркизм дар императории Русия.

Исмоил Гаспринский
қирим. İsmail Gasprinskiy (Gaspıralı), Исмаил Гаспринский (Гаспыралы), (اسماعيل غصپرينسكى (غصپرلي
Депутати Думаи шаҳри Боғчасарой
Раиси шаҳри Боғчасарой
13 феврали 1879 — 5 марти 1884
Таваллуд 8 (20) март 1851[1] ё 20 март 1851(1851-03-20)[1]
Даргузашт 11 (24) сентябр 1914[2][1] (63 сол) ё 24 сентябр 1914(1914-09-24)[1] (63 сол)
Мадфан Дар ҳудуди мадрасаи Зинҷирали
Ҳамсар Zohra Akchurina[d]
Фарзандон Şefika Gaspıralı[d] ва Rifat Gasprinsky[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият фарҳанг
Эътиқод ислом ва суннӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Order of the Medjidie Order of the Lion and the Sun Commander of the Order of the Lion and the Sun Officer of the Order of the Lion and the Sun 4th class, Order of the Medjidie Order of noble Bukhara
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар Симферопол, Маскав, Истамбул ва Порис таҳсил карда, маълумоти диниву дунявӣ ба даст овард. Таҳти таъсири мутафаккирону ислоҳотталабони исломӣ – ҳамчун муаррихи тотор Шаҳобуддини Марҷонӣ мутафаккири барҷастаи олами ислом Ҷалолуддини Асадободӣ ва дигарон, қарор гирифт. Солҳои 1874–75 хабарнигори нашрияҳои руссӣ дар Истамбул буд. Пас аз бозгашт ба Русия бо равшанфикрони минтақаҳои Поволже, Қафқоз ва Туркистон робита пайдо кард; ҷонибдори эҳёи фарҳангию миллии ҷаҳони ислом ва раҳоӣ бахшидани он аз «султаи Ғарб» буд. ӯ 10 апрели 1883 нахустин рӯзномаи туркию славянии «Перводчикъ-Тарҷумон»-ро ба нашр расонд, ки дар тӯли 35 сол ғояҳои ҷадидизми туркиро дар Қрим, Самарқанду Бухоро, Тошканду Хива, Эрону Миср, Туркияву Булғория интишор мекард. Исмоил Гаспринский инчунин солҳои 1883–1914 маҷаллаҳои «Олами насвон» («Ҷаҳони занон»), «Тарбия», «Олами сибён» («Ҷаҳони кӯдакон»), маҷаллаи ҳаҷвии «Ҳо-ҳо-ҳо», рӯзномаи «Миллат» (нашрияи фраксияи мусулмонони Думаи давлатии Русия)-ро ба забони туркӣ ва рӯзномаи «Ал-Наҳда» («Эҳё»)-ро бо забони арабӣ дар Миср мунташир мекард, ки дар кишварҳои мусулмонии Шарқ, аз ҷумла дар Осиёи Миёна, ҳаводорони зиёд доштанд.

Исмоил Гаспринский аз бунёдгузорону пешбарандагони ҷунбиши ҷадидия бар пояи маорифпарварӣ дар олами ислом ҳисобида мешавад. Дар соли 1884 Исмоил Гаспаринский бо роҳандозии усули савтии омӯзиши забони арабию таълими улуми дақиқ ва табиӣ дар мадрасаи Боғчасарой ба ислоҳоти маорифи исломӣ дар Русия оғоз кард. Муаллифи як силсила китобҳои дарсию раҳнамоӣ барои макотиби мусалмонон ва илмию оммавӣ мебошад, ки «Хоҷа ва сибён» («Омӯзгори кӯдакон») аз ҷумлаи онҳост. Соли 1910 моҳномаи фаронсавии «Revue du monde musulman» («Муруре бар ҷаҳони ислом») номзадии Исмоил Гаспринскийро ба хотири фаъолиятҳои фарҳангию маърифатияш ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод кард. Фаъолияти адабии Исмоил Гаспринский бо нашри романи «Номаҳои Фарангистон» (1887) оғоз ёфт. Асоси роман-эпопеяи «Муло Аббос»-ро асарҳои «Номаҳои Фарангистон», «Мусалмонони дору-р-роҳат», «Номаҳои Африқо», «Мусулмонӣ дар Русия», «Кишвари занон» ташкил дода, як хати сужет ва қаҳрамонони асосӣ доранд. «Мусалмонони дору-р-роҳат» ба забонҳои форсию арабӣ тарҷума шудааст. Романи дигари ӯ «Хуршед бархостааст» (1905) мебошад.

Исмоил Гаспринский дар замони Инқилоби солҳои 1905–07-и Русия дар кори Анҷуманҳои 1–3 Умумируссии мусулмонон ширкат дошта, яке аз муасисон (январи 1906) ва узви КМ нахустин ҳизби мусалмонони Русия «Иттифоқу-л-муслимин» буд. Ӯ назарияи «тавофуқномаи Русияву Шарқ»-ро манзур намуд, ки роҳандозӣ ва рушди муносиботи дӯстонаи Русияро бо Эрон, Туркия ва дигар кишварҳои мусалмон пешбинӣ мекард. Ба қавли Садриддин Айнӣ (дар «Таърихи инқилоби Бухоро»), Гаспринский соли 1908 аз шаҳрҳои Самарқанду Бухорову Тошканд боздид кард ва дар Бухоро бо равшанфикорон мулоқот намуд. Дар Бухоро Гаспринский мактаби усули навро таъсис намуд ва онро «Музаффария» ном ниҳод. Пас аз бозгашт таассуроташро дар чанд мақола мунташир кард (дар нашрияи «Тарҷумон» зери унвонҳои «Бухоро ва Боғчасарой», «Муҳоҷирони рус қирғизҳоро аз заминҳои беҳтарин берун меронанд», «Роҳи Темури шуҷоъ», «Дар Бухоро чӣ дидам», «Номае аз Туркистон», «Духтарони Туркистон. Онҳо дар чӣ вазъе қарор доранд?», «Зилзилаи шадид дар Андиҷон» ва ғайра). Андешаҳои Гаспринский ба равшанфикрони мусулмони Русия, Қафқозу Осиёи ибтидои Марказӣ дар оғози садаи XX таъсири чашмгир доштанд. Як идда адибону донишмандони тоҷик, ба мисли С. Айнӣ, М. Беҳбудӣ, А. Мунзим, А. Фитрат ва дигарон навгароиҳои Гаспринскийро дар омӯзишу парвариш писандиданд.

Ҷоизаву орденҳо

вироиш

Гаспринский бо нишонҳои «Ордени тилоии Тулӯъи Ситора» (дараҷаи III)-и Аморати Бухоро, «Маҷидия» (дараҷаи IV-и Туркия), «Шер ва Хуршед» (дараҷаҳои IV ва III)-и Эрон ва медали биринҷии Ҷамъияти техникии Санкт-Петербурги Русия сарфароз гардида буд.

Некдошт

вироиш

Дар Боғчасарой (макони дафни ӯ) ва шаҳри Симферопол муҷассамаҳои Гаспринский барпобуда, дар шаҳрҳои Қазон, Симферопол, Боғчасарой, Евпатория кӯчаву хиёбонҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ номи ӯро доранд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Педагоги и психологи мира (рус.) — 2012.
  2. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш
  • Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. Д., 1987
  • Фитрат А. Оила ё худ вазоифи хонадорӣ. Д., 2007
  • Ганкевич В. Ю. На службе правде и просвещения. Симферополь, 2000
  • Ганкевич В. Ю. Джадидская реформа народного образования крымских татар в конце XIX-начале XX века
  • От исламского к светскому исскуству (По страницам газеты «Тарджиман) Переводчик») //Ислам в Евразии: современные этические и эстетические концепции суннитского ислама. М., 2001. Исмаил Гаспринский – просветитель народов Востока: К 150-летию со дня рождения//Материалы международной научной конференции. М., 2001
  • Машкевич А. А. Выдающийся просветитель Исмаил Гаспринский и развитие прогрессивной педагогической мысли народов Востока во второй половине XIX века. Алматы, 2002
  • Червонная С. Пантюркизм и панисламизм в российской истории// Отечественные записки. 2003. №5 Гаспринский Исмаил: историко-документальный сборник Сост. С. Рахимов. Казань, 2006
  • Ганкевич В. Ю., Шендрикова С. П. Исмаил Гаспринский и возникновение либерально-мусулманского политического движения. Симферополь, 2008
  • Абдрашидов З. Исмаил Гаспринский и Туркестан в начале XX века:связи-отношения-влияние. Ташкент, 2011.