Исмоил Раҳматов (30 ноябри 1949, ноҳияи Рӯшон, ВМКБ — 16 май 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — муаррих, номзади илмҳои таърих (1987), дотсент.

Исмоил Раҳматов
Таърихи таваллуд 30 ноябр 1949(1949-11-30)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯшон, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 16 май 2020(2020-05-16) (70 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1970—1975 донишҷӯи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд. Солҳои 1976—1979 дар аспирантураи Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1979—1980 тарҷумон дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, 1990—1992 муаллими калони кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев, 1993—1996 мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 1998—2000 сармутахассис, 2001—2005 мудири шуъбаи сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2006 то ба имрӯз ба ҳайси мудир, сипас дотсенти кафедраи кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон кор ва фаъолият дорад. Муаллифи 3 асар ва 100 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Дар конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок карда, роҷеъ ба ҳалли бӯҳрони Афғонистон, амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизми мазҳабӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Бо нишони сарисинагӣ «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

  • Зафарномаи Хусравӣ ва аҳамияти он дар омӯзиши таърихи Афғонистони Шимолӣ (нимаи аввали асри ХIХ) // Ахбори Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Д., 1978;
  • Взаимоотношения между Бухарским ханством и Шахрисабзским владениям. (По материалам персоязычных источников) // Сб. Проблемы востоковедения, — Д.,1987;
  • Назаре ба робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон, — Д., 1987;
  • Афганистан. Исторический очерк // В кн.: Афганистан сегодня, — Д., 1988;
  • Исламская Республика Иран и антитеррористическая акция ИМА в Афганистане // Сб. Перспективы региональной безопасности в рамках борьбы с международным терроризмом, — Д., 2003.
  • Zafarnamae-ye Xosravi. Edited by Dr. Manucehr Sotuda, Dr. Esmoil Rahmatof. — Tehron, Ayene-ye Miros.1999;
  • Внешние факторы стабильности ЦА и Афганистана // Афганистан: возрождение и перспективы развития. — Д., 2005;

Пайвандҳо

вироиш