Исохон Мусоевич Низомов (тав. 3.02.1981, ноҳияи Ҳисор) — олим, кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои химия (2009), дотсент. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).

Исохон Низомов
Исохон Мусоевич Низомов
Таърихи таваллуд 3 феврал 1981(1981-02-03) (43 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2011) ва нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020)

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1999–2003 дар бахши бакалаврӣ, 2003–2005 дар бахши магистрии факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил кардааст. Солҳои 2006–2008 аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Аз соли 2005 то соли 2008 ассистент, аз соли 2009 то 2010 муаллими калон, аз соли 2011 то соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи дотсент, аз соли 2019 то ҳол дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва ѓайриорганикии донишгоҳи номбурда мебошад. Солҳои 2010 -2012 вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети химияро ба уҳда дошт. Аз соли 2016 то ҳол мудири кафедраи «Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ»-ро ба уҳда дорад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Оид ба мувозинатҳои фазагӣ ва ҳалшавандагӣ дар системаи обӣ- намакии Na,K||SO4,CO3,HCO3,F-H2O дар ҳарорати 0 ва 250С, бо ёрии усули транслятсия тадқиқоти илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 45 мақолаи илмӣ, 38 фишурдаи маърўзаҳои илмӣ ва як дастури таълимӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад карда, мақолаҳояш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ кишвар бо забонҳои русӣ ва англисӣ чоп шудаанд.

  • Химияи таҳлилӣ. Қисми 1. (корҳои амалӣ аз таҳлилӣ сифатӣ). Д., 2018;
  • Растворимость в системе Na,K//CO3,HCO3-H2O при 00С // Доклад АН РТ, 2008, Т. 51, № 8;
  • Фазовые равновесия в системе Na,K//SO4,CO3,HCO3,F-H2O при 250С // Журнал неорганической химии РАН, 2009, Т. 54, №5.
  • Растворимость в системе Na,K//HCO3,F – H2O при 25 0С. Вестник ТГПУ (серия естественных наук). 2010, № 2(36).
  • Растворимость в системе Na2CO3-NaHCO3- NaF- H2O при 250С. Журнал неорганической химии, 2011, том 56, №5, с. Solubility in the Na2CO3–NaHCO3– NaF–H2O System at 25°C. Russian Journal of InorganicChemistry, 2011, Vol. 56, No. 5,
  • Фазовые равновесия в системе Na,K//CO3,HCO3,F-H2O при 500С. Журнал неорганической химии, 2012, том 57, № 5. Phase Equilibria in the Na,K||CO3,HCO3,F–H2O System at 50°C. Russian Journal of InorganicChemistry, 2012, Vol. 57, №5.
  • Растворимость системы CaCO3-Ca(HCO3)2-CaF2-H2O при 250С. Доклады АН Республики Таджикистан,2016, Т. 59, №1-2. Фазовые равновесия в системе K,Са//SO4,HCO3,F-H2O при 25 0С. Изв. ВУЗ-ув. Серия химия и химическая технология, 2018, Т.61, №3.
  • Phase equilibrium of Na,K//SO4,CO3,HCO3,F-H2O system at 0 0C in the area of carobbiite crystallization. Applied solid state chemistry.№4(9)/2019. Фазовые равновесия в системе Na,K|| SO4,CO3,HCO3,F-H2O при 00С в области кристаллизации нахколита (NaHCO3). Журнал неорганической химии РАН, 2019, Т.64, №4.
  • Phase Equilibria in the System Na,K||SO4,CO3,HCO3,F–H2O at 0°C in the Nahcolite (NaHCO3) Crystallization Region. Russian Journal of Inorganic Chemistry, 2019, vol.64, № 4. XXI Менделеевский съезд, 2019.

Ҷоизаҳо

вироиш

Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2011) Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020)

Пайвандҳо

вироиш