Исо Махдум (Исо Махдум ибни Мулло Ниёзмуҳаммад, с.тав. 1826, Бухоро, с.ваф. 1887), шоир мусиқидон, аз дӯстону ҳамфикрони Аҳмади Дониш (1826-1897) буда, зиндагӣ ва эҷодиёташ дар Бухоро, замони салтанати амирони манғитӣ Насруллоҳ (1826-1860), Музаффар (1860-1885) ҷараён гирифта, ба аҳли адаб, махсусан сарояндагону мусиқидонони машҳури замонааш Қорӣ Каромати Танбӯрӣ (1851-1906), Ҳамидхоҷаи Савтӣ (1849-1918), Бобо Ҷалол (1845-1928), Махсуми Хонанда (1842-1905), Ҳоҷӣ Абдуллоҳи Савтӣ (1826-1897) ва дигарон робитаи эҷодӣ дошт. Дар таҳияи баёзҳои «Шашмақом» бо мусиқидонони ҳавзаҳои ҳунарии Бухоро, Самарқанд, Марв ҳамкорӣ дошта, баргузидаи ғазалу соқиномаҳояш ба рисолаю баёзҳои мақом, ки тавассути мусиқидонони баъдӣ таҳия гардида низ ворид шудаанд.

Исо Махдум
Исо Махдум ибни Мулло Ниёзмуҳаммад
Таърихи таваллуд 1826
Зодгоҳ ш. Бухоро
Таърихи даргузашт 1887

Адабиёт

вироиш
  • Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик, М., 1926;
  • Абёти Шашмақом, Р:4632, ИВАН Уз.ССР;
  • Рисолаи Шашмақом, Р:8827, ИВАН Уз.ССР;
  • Дар баёни Шашмақом, Р:1428, ИВАН Уз.ССР;
  • Рисолаи Шашмақом, Р:5734, ИВАН Уз.ССР;
  • Рисолаи Шашмақом, Р:3920,ИВАН Уз.ССР.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 90 ISBN 978-99947-49-13-3