Исрофил (ар. ‎ اسرافیل), Исрофин, Сирофин, Сирофил, куняаш Абулмунофих — фариштаи муқарраби илоҳӣ ва маъмури дамидани Сур.

Исрофил
араб. ар. إِسْرَافِيل
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Шабоҳат: Raphael[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Аз Исрофил дар Қуръон ба сароҳат ном бурда нашудааст, вале дар 10 маврид оид ба дамидани Сур ҳангоми вуқӯи қиёмат ва як маврид низ ба ҷуз аз дамидани аввал, ки фарҷоми дунёст, ба дамидани Сури дигаре ҳам ишора шуда, ки он муҷиби зинда шудану бархостани мурдагон мебошад. Дар порае аз ҳадисҳои набавӣ ин даманда ба унвони «Соҳибу-с-Сур» ё «Соҳибу-л-Қарн» дарҷ шудааст. Тибқи бархе ривоёт, Исрофил бар Лавҳи Маҳфуз гуморида шуда, Ҷабраил ваҳйро аз ӯ мегирад. Мақоми Исрофил ҳамчун интиқолдиҳандаи дастурҳои илоҳӣ аз Лавҳи Маҳфуз ба дигар коргузорон боис шуд, ки гоҳ ӯро амини Худованд байни Худо ва халқ ва сафири аъло гуфтаанд. Исрофил аввалин фариштаест, ки фармони Худовандро иҷобат намуд ва бар Одам саҷда кард. Исрофил-ро мазҳари сифати ҳаёти Худованд мепиндоранд, ҳамон гуна ки Ҷабраил мазҳари илм, Микоил мазҳари ирода ва Азроил мазҳари қудрати Офаридгор дониста мешавад.

Дар васфи Исрофил ривоёте низ вуҷуд доранд, ки маншаи қисми муҳимми онҳоро гуфтори Каъбулаҳбор ва афроде чун Ваҳб ибни Мунаббеҳ ташкил медиҳанд. Аксар Исрофилро фариштае дорои чор бол (гоҳ бештар) бо пайкари хеле бузург васф кардаанд, ки пойҳояш дар қаъри замини ҳафтум ҷой гирифта, Арш бар шонааш қарор дорад. Бо ин ҳама азамат Исрофил ҳамеша дар баробари бузургии Худованд худро хеле ҳақир дониста, аз ҷалоли Ӯ худро бо боле аз болҳояш мепӯшонад. Тибқи маълумоти бархе аз кутуби исломӣ, ҳангоми амри Худованд ба нафх (дамидан)-и Сур Исрофил бар сахраи Байтулмуқаддас истода, дар Сур медамад. Достони Зулқарнайн фарогири ривоятест дар бораи дидори ӯ бо «Соҳибу-с-Сур», ки Исрофил дар он ҳангом мунтазири фармони Худованд барои дамидани Сур будааст. Ба эҳтимоли бархе, Исрофил ба Серафими Аҳди Атиқ шабоҳат дорад, ба ин далел, ки баъзе лаҳзаҳои тасвири онҳо дар ривоёти исломӣ ва яҳудӣ ба ҳам монанданд.

Адабиёт

вироиш
  • Мифы народов мира. Т. 1. М., 1987; Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991;
  • Али-заде А. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007.
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد ٨. تهران، ١٣٩٠ ش.؛
  • دیوبندی محمد شفیع عثمانی. معارف القران. جلد ١١. تهران، ١٣٩٠ ش

Пайвандҳо

вироиш