1. Истиора — як намуди маҷоз буда, ба ҷойи як калимаи дигар истифода шудани калимае мебошад. Фарқи истиора аз ташбеҳ ин аст, ки дар истиора ташбеҳшаванда зикр намеёбад, балки танҳо ташбеҳкунанда номбар мешавад. Масалан, агар гӯем, ки «қомати ёри ман мисли сарв аст», ин ҷумла ташбеҳ дорад, зеро ки қомати ёр ба дарахти сарв монанд карда шудааст. Вале агар гӯем, ки «сарви ман омад», дар ин ҷумла ибораи «сарви ман» истиора аст, зеро ба ҷойи калимаи «ёр» омадааст.[1]
  2. Истиора – ба маънои дигар кор фармуда шудани калима ва ё гуфтор, ки бо роҳи монандкунӣ, муқоиса ва қиёс сохта мешавад. Як навъи ташбеҳ, ки ташбеҳкунанда ба ҷойи ташбеҳшаванда меояд, аммо ташбеҳшаванда зикр намешавад. Асоси истиораро муқобилгузории ду маънои як мафҳум аслӣ ва маҷозӣ ташкил медиҳад. Маънои маҷозӣ вобаста ба муносибат ба мавзӯъ ҳосил мешавад. Навъҳои нисбатан паҳншудаи истиора маҷоз, киноя, муболиға, иғроқ мебошанд.[2]
  1. Зеҳнӣ Т.Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ. - Душанбе:Нашрдавтоҷ,1960. - С.62
  2. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 111. ISBN-978-999-47-43-37-7