Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз нишонаҳои қадршиносии давлат ва ҷомеъа барои хидмати шоистаи шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он ба муқарароти Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31 июли соли 2001 № 29 муқарар карда шудаанд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" чунин муқарарот навишта шудааст: Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон барои дастовардҳои калонашон дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, маориф, дар хидмати давлатию низомӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешаванд. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин коллективи корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои алоҳида, қисмҳои ҳарбӣ вобаста ба воқеаҳои муҳими дар ҳаёташон бавуҷудпайваста ва барои комёбиҳои калонашон дар кору хидмат, ҳамчунин коллективҳои эҷодӣ, ки барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, дустӣ ва ҳамкории байни халқҳо саҳми босазо гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд.[1]