Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — шакли олии ҳавасмандгардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва эътирофи хидматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад[1].
Тасвири мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд[2].
Навъҳо
вироишБа низоми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд[1]:
- мукофоти олӣ — унвони Қаҳрамони Тоҷикистон;
- орденҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатии зерин муқаррар гардидаанд:[3]
Мукофоти олӣ
вироиш- унвони Қаҳрамони Тоҷикистон
Орденҳо
вироиш- Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I
- Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II
- Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III
- Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I
- Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II
- Ордени Зарринтоҷ дараҷаи III
- Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I
- Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II
- Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III
- Ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон»
- Ордени Дӯстӣ
- Ордени Спитамен дараҷаи I
- Ордени Спитамен дараҷаи II
- Ордени Шараф дараҷаи I
- Ордени Шараф дараҷаи II
Медалҳо
вироишУнвонҳои ифтихорӣ
вироиш- Нависандаи халқии Тоҷикистон
- Шоири халқии Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
- Ҳофизи халқии Тоҷикистон
- Рассоми халқии Тоҷикистон
- Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон
- Арбоби ҳунари Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон
- Корманди шоистаи Тоҷикистон
- Донори ифтихории Тоҷикистон
Ифтихорномаҳо
вироишМедалҳои ҷашнӣ
вироишБа намудҳои мукофотҳои давлатӣ ҳамчунин медалҳои ҷашнӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, дохил мешаванд.
Забон
вироишМукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ номгузорӣ мешаванд[3].
Ҳуҷҷатҳои ҷоизаҳо
вироишНамунаҳои шаҳодатномаи оид ба сарфарозгардонии дараҷаи олии корнамоӣ Қаҳрамони Тоҷикистон, дафтарчаҳои орденҳо, шаҳодатномаҳои медалҳо ва унвонҳои фахрӣ, тартиби пешниҳод намудан ба ҷоизаҳои давлатӣ, супоридан ва овехта гаштани онҳо, тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдории ҷоизаҳои давлатӣ ва бланкаҳои ҳуҷҷатҳои онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2020 № 1732 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Моддаи 3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2020 № 1732 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ 3.0 3.1 Моддаи 8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2020 № 1732 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 ноябри 2021 санҷида шуд.