Иффат
Иффат (ар. عفة ‒ покдоманӣ, порсоӣ, парҳезгорӣ) — дар илми ахлоқ яке аз фазилатҳои бартари ахлоқӣ, малакаи нафсоние, ки одамиро аз анҷоми муҳаррамот боздошта, қувваи шаҳвонии инсонро мутеи ақл мекунад; парҳез аз амалҳои ношоиста, одат кунонидани нафс ба корҳои хайру салоҳ, рағбат барои касби камол, муқобалаи нафс бо ҳавову ҳавас, ба таври эътидол хӯрдану нӯшидан ва касби амвол бо меҳнати ҳалол, ки покизагии сирату тинатро тақозо мекунад.
Иффат аз ҷумлаи воситаҳои расидани инсон ба саодати дунявию ухравӣ ба шумор меравад. Касе боиффат ё покдоман дониста мешавад, ки амалҳои ӯ мутобиқи шариат, ақл ва ҷавонмардӣ бошанд. Иффатварзӣ боиси ба вуҷуд омадани шарм, парҳез, шикебоӣ, бахшандагӣ, қаноат, нармхӯӣ, пандпазирӣ, хушрафторӣ ва виқор мешавад. Поксозии муҳит, тарбияи хонаводагӣ, илму огаҳӣ бар паёмадҳои разолати ахлоқӣ, дурӣ аз майлу хостаҳои ҷинсӣ ва олудагиҳои шаҳвонӣ, барномарезии дақиқ барои зиндагӣ аз ҷумлаи роҳҳои пешгирӣ аз беиффатӣ дониста мешаванд.
«Иффат он аст, ки тамомии ҳусни хулқ ҳосил кунад дар шикастани қуввати шаҳват ва қуввати ғазаб ҳар ду» («Кимиёи саодат», ҷ. 2, саҳ. 364). «Иффат иборат аз он аст, ки ба вақти он ки шаҳват ғолиб гардад, инони нафс боз кашида, домани ҳимматро аз олудагии ҳаром пок дорад ва ҷуз ба ваҷҳи лозим ба ин сурат иқдом нафармояд» («Ахлоқи Муҳсинӣ», саҳ. 11‒12).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иффат / С. Наимӣ // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.
- Энсиклопедияи насри тоҷику форс («Ахлоқи Муҳсинӣ», «Саргузашти Ҳотам», «Тӯтинома»). Д., 2009;
- Ғаззолӣ Абуҳомид Муҳаммад. Кимиёи саодат. Ҷ. 2. Д., 2015.
- طوسی نصیرالدین. منتخب اخلاق ناصری. تهران، ١٣٢٠ ش.؛
- جزایری سید محمد علی. دروس اخلاق اسلامی. قم، ١٣٨٢ ش.؛
- داودی محمد. اخلاق اسلامی (مبانی و مفاهیم). تهران، ١٣٩۴ ش