Ихшид (суғ. xšyδ’ [xšēδ] «подшоҳ») — унвони шоҳони Суғд ва Фарғона (асрҳои 7-10).

Ба қавли баъзе донишмандон мафҳуми ихшид бо вожаҳои хшайта (дар Авасто), хшаясия ва ихшоз ҳамреша буда, бо маъноҳои нуронӣ, сарбоз, сарвар, худовандгор, фармонраво ва шоҳкор истифода мешавад. Дар маъхазҳои хаттии замони истилои араб ва навиштаҷоти сиккаҳои суғдӣ ихшид ҳамчун унвони шоҳи Суғд ба кор рафтааст. Номи ҳашт ихшиди суғдӣ — ҳокимони Самарқанд маълум аст. Аввалин ихшиди Суғд — Шишпир (642—655) аз дудмони Кеш буд. Маросими тоҷгузории ихшиди дуввум Варҳуман дар деворнигораҳои Тахти Афросиёб тасвир шудааст, ки он ба маросими тахтнишинии шоҳони сосонӣ шабоҳат дорад. Дар маросими тоҷгузории Варҳуман намояндагони шоҳи Чағониён ширкат карда буданд ва он тасвир дар муқоваи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров акс ёфтааст. Ихшидҳои баъдии Суғд Тукаспадак (696—698), Мастон-авион (698—700), Тархун, Ғурак, Деваштич ва Тургар (738—750) буданд. Ихшиди Суғд ҳамзамон сарвари Самарқанд, яъне шоҳи шоҳон ба шумор мерафт. Пас аз мустақил шудани мулки калонтарини Суғд — Бухоро нақши ихшид дар таърихи минтақа нисбат ба бухорхудот коҳиш ёфт.

Насаби хонадони ҳукмрон дар Мисру Шом — Ихшидиён аз вожаи ихшид гирифта шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Смирнова О. И. Сводный каталог согдийских монет. М. 1981;
  • Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Кит. аввал. Д., 1998.