Деваштич
Деваштич (суғ. δyw’štyc, ? — 722) — афшини суғдӣ, афшини Панҷекат (708–722). Ӯ охирин шоҳи Суғд буд, ки дар баробари арабҳо истодагӣ кард.
суғ. δyw’štyc | |
708 — 722 | |
Пешгузашта | Чекин Чур Билге |
Ҷонишин | унвон барҳам хурд |
Таваллуд |
асри VII |
Даргузашт |
722 |
Эътиқод | маздаясно |
Таърихи шӯриш
вироишДеваштич баъди ихшиди Суғд шуданаш ба вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр — Хатлон, Чоч, Уструшана, Фарғона ва Ҳоқони Турк мактубҳои имдодӣ навишта, онҳоро барои муборизаи муттаҳидона ба муқобили арабҳо ба ҷанг даъват намуд. Дар натиҷа дар солҳои 719—720 дар Суғд ду лагери зидди арабӣ: яке бо сардории ихшид Ғурак, ки аз назари арабҳо ҳокимияташ ғайриқонунӣ буд ва дигаре бо сарварии Деваштич ташкил ёфт. Ғурак аслан дар ноҳияҳои марказии Суғди Самарқанд ва Деваштич бошад, дар кӯҳистони Суғд, асосан дар водии Зарафшон ба ҷанги зидди арабҳо омодагѝ медиданд. Соли 720 аҳолии минтақаҳои марказии Суғд бо якҷоягии нерӯи ҷангандаи туркҳо арабҳоро аз Самарқанд ронданд. Дар ин миён ихшиди Суғд — Ғурак аз тарси эътибори рӯзафзуни Деваштич хиёнаткорона ба тарафи арабҳо гузашта, ҳамроҳи онҳо бар зидди раияти худ ҷангид.
Шикасти шӯришгарон
вироишСоли 722 пайравони Деваштич ба арабҳо мукобилияти сахт карда, ба тарафи калъаи кӯҳи Муғ ақибнишинӣ карданд. Онҳо дар дохили девори қалъа ҷойгир шуда, муборизаро давом доданд, вале арабҳо роҳи даромади қалъаро гирифтанд. Муҳосираи қалъа ва муқовимати суғдиён се — чор моҳ давом кард. Ҳамчунин фасли сармо фаро расид ва онҳо маҷбуран бо арабҳо сулҳ бастанд. Мувофиқи муоҳада суғдиён розӣ шуданд, ки дар сурати ба ҳаёти сад нафар исёнгарон ва аҳли оилаи онҳо аз ҷумла, худи Деваштич кафолати амният додан, ба арабҳо таслим мешаванд. Ин шарт табиист, ки аз ҷониби арабҳо риоя нашуд, ба он далел, ки сарвари мудофиёни суғдӣ Деваштичро арабҳо тирамоҳи соли 723 дар Рабинҷон ваҳшиёна ба қатл расонида, сарашро ба Ироку дасти чапашро ба амири Хуросон Сулаймон ибни Абусурӣ, ки дар Тахористон иқомат дошт, фиристоданд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с.85-86.